ДУШАНБЕ. РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ТАМАДДУНИ МИЛЛАТ
![]()
Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурию сиёсии мамлакат дар низоми давлатдории муосир мақоми хосса дорад. Таҷлили Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола дар шанбеи сеюми моҳи апрел баргузор мегардад, на танҳо як ҷашн, балки рамзи ваҳдат, созандагӣ ва шукуфоии давлати соҳибистиқлол мебошад.
Ин ҷашн ҳар сол бошукӯҳ таҷлил гардида, нишонаи эҳтиром ва муҳаббати мардум нисбат ба Душанбеи азиз ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Душанбе маркази олии қонунгузорӣ ва идоракунии давлатӣ буда, дар он мақомоти асосии ҳокимияти давлатӣ – Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар ҷойгир мебошад. Ҳамзамон, пойтахт маркази дипломатӣ низ ба шумор рафта, макони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Ин Душанберо ба майдони муҳими муколамаҳои байналмилалӣ ва дипломатияи муосир табдил додааст. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳамоиш, конфронс ва мулоқотҳои сатҳи баланд баргузор гардида, мавқеи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким мебахшанд.
Танзими ҳуқуқии шаҳрсозӣ дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ гардида, ин раванд кафолати ҳифзи симои меъмории миллӣ ва муосири шаҳр мебошад.
Дар тули се даҳсолаи охир Душанбе аз як шаҳри маъмурии хурд ба як маркази бузурги фарҳангию иқтисодӣ табдил ёфтааст. Бо татбиқи сиёсати созанда ва ташаббусҳои роҳбарияти кишвар, пойтахт симои нав касб намуда, ба шаҳри замонавӣ мубаддал гардидааст. Бунёди иншооти муҳташам, аз ҷумла Маҷмааи «Истиқлол», Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ, на танҳо зебоии шаҳрро афзун карданд, балки ба рушди маънавии ҷомеа низ такони ҷиддӣ бахшиданд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ, тавсеаи ҳудуди шаҳр ва рушди минтақаҳои саноатӣ ба таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави кор мусоидат намуда, сатҳи зиндагии аҳолиро боло бурд.
Ҳар сол дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт дар Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ, консертҳо, намоишгоҳҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд, ки ба таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат менамоянд.
Бо итминон метавон гуфт, ки Рӯзи пойтахт барои ҳар як сокини мамлакат рӯзи ифтихор ва сарфарозист. Муҳаббат ба пойтахт ва ҳифзи дастовардҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Абдулваҳоб САТТОРЗОДА, судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ
