ҶБВ. ҲАҚИҚАТИ СОБИТШУДА ДАР БОРАИ САҲМИ ТОҶИКОН ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА

13 май 2026, Чоршанбе
0


Субҳи 22-юми июни соли 1941 Германияи фашистӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бомбаандоз, танку тӯп, мошинҳои ҷангӣ ва неруҳои баҳрӣ бе эълони ҷанг сарҳади паҳновари Иттиҳоди Шуравиро вайрон намуд. Душман барои ишғоли ҳудуди давлати шуравӣ тавассути 190 дивизия, аз ҷумла 153 дивизияи фашистони гитлерӣ, 18 дивизияи ҷанговарони фин, 17 дивизияи руминӣ ва 2 дивизияи венгерӣ, дар маҷмуъ, бо 5,5 миллион нафар сарбозу афсар, 47 200 адад тӯпу миномёт, 4300 танку худравҳои зиреҳпӯш, 4980 ҳавопаймои ҷангӣ ва 193 киштии ҷангии флоти баҳрӣ барқосо ба ҳамла гузашт. Ҳавопаймоҳои бомбаафкани немис шаҳру деҳоти Белоруссия, Молдава, Украина ва ҷумҳуриҳои назди Балтикаро сахт бомбаборон карданд.
Ранҷбарони Тоҷикистон дар қатори дигар ҷумҳуриҳои шуравӣ ба мудофиаи марзу буми давлати шуравӣ бархостанд. Рӯзи дуюми оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарвари вақти Тоҷикистон Дмитрий Захарович Протопопов ба номи роҳбари давлати шуравӣ И.В. Сталин бо чунин мазмун нома фиристод: «Иттилоъ медиҳам, ки 23-юми июн танҳо ба комиссариати ҳарбии шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) аз номи 700 нафар ихтиёриён барои шомил шудан ба сафи Артиши Сурх ариза ворид гардид. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки таъҷилӣ барои тартиби қабул кардани ихтиёриён ба сафи Артиши Сурх дастур содир намоед».
Ҳамин тавр, то охири соли 1941 ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5857 аризаи ихтиёриён ворид гардид, ки миёни онҳо занону духтарон низ буданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба чунин зикр карданд: «Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем, зеро аз яку ним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор нафар беному нишон гардид ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд. Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин Ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд».
Тибқи иттилои рӯзномаи русии «Стахановец» (5-уми январи соли 1942), танҳо то моҳи ноябри соли 1941 заҳматкашони Тоҷикистон ба фонди мудофиа 2320 нимпӯстин, 1274 камзӯли мӯина, 4114 дастпӯшаки гарм, 7600 ҷуфт либоси таҳпӯш, 15715 телпак, қариб 10 ҳазор фуфайка (либоси зимистона), 51624 пӯсти гӯсфанд, 35 577 кило пашм ва миқдори зиёди ашёи хом барои тайёр намудани либосҳои гарм супурдаанд.
Бинобар вазнин шудани вазъияти ҳарбӣ дар остонаҳои шаҳри Москва, моҳи октябри соли 1941 дивизияи 20-уми савораи кӯҳӣ, ки гурӯҳи мукаммалу машқдида буд, аз Тоҷикистон ба муҳофизати пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ равона гардид. Дивизияи мазкур дар ақибронии неруҳои душман ва озод кардани даҳҳо маҳали аҳолинишин фаъолона иштирок намуд. Тибқи маълумоти муаррих Усмони Эшонзод зиёда аз 150 афсару сарбозони «дивизияи тоҷикон», аз ҷумла нависанда С. Улуғзода, муаррих Б. Искандаров, инчунин, Ш. Аҳмадҷонов, Б. Дӯстов, В. Зубков, Д. Кратов, М. Иброҳимов, Р. Мавлудов, А. Маслик, И. Обидов, А. Очилов, А. Пирмуҳаммадзода (бародари Абдусалом Деҳотӣ), А. Пиров, Г. Филиппов, Р. Ҷалилов бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.
Нахустин Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ аз Осиёи Марказӣ Неъмат Қарабоеви тоҷик аст, ки соли 1939 дар ҷанги Финляндия сазовори ин унвони олӣ гардида буд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аввалин қаҳрамонҳо аз тоҷикон – Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев мебошанд, ки бо тӯпи худ ҳамлаи танкҳои душманро гардонда, ғалабаи ҷанговарони шуравиро таъмин карданд. Зодаи ноҳияи Ашт Тӯйчӣ Эрйигитов бошад, корнамоии Александр Матросовро такрор карда, бо ҷисми худ амбразураи душманро пӯшонда, боиси пешравии сарбозони шуравӣ гардид.
Дар маҷмуъ, барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 58 ҳазор афсару сарбози тоҷик бо ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагию шуҷоат сазовори унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд.
Сокинони Тоҷикистон дар ақибгоҳ низ дар таъмини ғалаба саҳми бесобиқа гузоштанд. Аз ҷумла, дар маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» (шумораи 4-уми соли 1972) чунин омадааст: «Меҳнаткашони Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ба фронт 30 миллиону 500 ҳазор сӯми нақд дода, 45 миллиону 207 ҳазор сӯмина заёми давлатӣ хариданд, ба фонди мудофиа 151 вагон туҳфаҳо (вазнаш 89990 пуд), 43400 кило пашм ва беш аз 25 ҳазор метр газвор ҷамъоварӣ намуданд. Фақат барои ташкили колонаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 84 миллион сӯм, эскадрилияи тайёраҳои ҷангии «Тоҷикистони советӣ» 32,5 миллион сӯм ба давлат супурданд. Ҷамъ, маблағи аз Тоҷикистон ба фонди мудофиа дохилгардида ба 814 миллион сӯм расид. Аз ин миқдор 126 миллионаш пули нақд ва 584 миллион сӯм аз ҳисоби фурӯхтани заём (вомбаргҳо)-и давлатӣ ва лотореяҳо иборат аст».
Саҳми фарҳангиёни тоҷик низ дар Ғалабаи бузург арзанда аст. Театри фронтии Тоҷикистон дар тамоми давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хатти фронту ақибгоҳ беш аз 3,5 ҳазор консерту намоишҳои театрӣ барпо намуд. Гурӯҳҳои консертӣ аз соли 1942 дар назди сарбозону афсарони Артиши шуравӣ, аз ҷумла гарнизонҳои ҳарбии Москва ва муҳофизони Ленинград ҳунарнамоӣ кардаанд. Ғаффор Валаматзода, Георгий Менглет, Саида Сафарова, Ашӯра Носирова, Фозил Солиев, Азиз Азимов, Тӯтӣ Ғаффорова, Шаҳодат Содиқова барин ҳунарпешагони маъруфи он давр ба ин гурӯҳҳо шомил буданд. Онҳо ҳар рӯз барои болидаруҳ гардондани ҷанговарони шуравӣ то 10-12 консерт намоиш медоданд.
Як қатор сокинони Тоҷикистон барои меҳнати фидокоронаашон дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби давлат қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, 993 нафар тоҷикистонӣ бо орденҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва 102 ҳазор нафар бо медали «Барои меҳнати шуҷоатмандона дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонда шуданд.
Тавре Сардори давлат таъкид намуданд, дар он рӯзҳои сангин кӯдакону занон ва калонсолон азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷангро таҳаммул карданд ва шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба Рӯзи Ғалаба гузоштанд.


Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 12.05.2026 №: 90-91