ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОР ВА ФАЪОЛИЯТИ ИБРАТОМӮЗИ ҲОҶӢ СИДДИҚХОҶАИ ХУҶАНДӢ

РӮЗГОР ВА ФАЪОЛИЯТИ ИБРАТОМӮЗИ ҲОҶӢ СИДДИҚХОҶАИ ХУҶАНДӢ

29 май 2023, Душанбе
50
0

 
Дар натиҷаи кӯшишҳо ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди худшиносии миллии тоҷикон вусъат ёфт ва асарҳову суханрониҳо ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат  ба чопу нашри сарватҳои маънавии халқи тоҷик, аз ҷумла китоб,  такони хеле ҷиддӣ  барои тақвияти  эҳсоси  ифихори миллӣ гардид.

Аз нашри китоби «Тоҷикон»-и  таърихшинос ва арбоби намоёни давлатӣ Бобоҷон Ғафуров ва туҳфаи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи  сокини ҷумҳурӣ, хондани  ин китоб дар ҳар муассисаи давлатии кишвар, қироати асарҳои Пешвои миллат аз тариқи радио то баргузории Озмуни шуҳратёфтаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» раванди мазкур ҷузъи устувори  тарбияи  маънавӣ, муҳаббат ба китобу китобхонӣ ва парвардани эҳсоси ватандорӣ гардид.
Дар идомаи ин тадбирҳо ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ташаккули шуури таърихӣ ва муаррифии чеҳраҳои намоёни илму адаби тоҷик, зиёиёни кишвар ва ходимони давлатӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар марказҳои вилоятҳову шаҳру ноҳияҳо низ, корҳои наҷибро анҷом медиҳанд. 
Як мисоли хуби он Конфронси байналмилалии «Бунёдгузорони нашри китоб дар Осиёи Миёна» аст, ки ба муносибати 150-солагии Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзҳои 19-20 майи соли равон баргузор гардид, ки боз як саҳифаи тозаеро дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик муаррифӣ намуд.
Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар маърузаи худ ин Конфронсро, ки дар Кохи зебои ба номи устод Рӯдакӣ доир шуд, ҳамчун иқдом дар иҷрои супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани сатҳи худогоҳии миллӣ арзёбӣ намуд. – Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ  дар соҳаи чопи китоб ҳам пешравиҳои назаррас ба вуҷуд омада истодаанд. Бо супориши Президенти мамлакат ба табъ расидани силсилаи «Ахтарони адаб» дар 50 ҷилд, чопи  Қомуси миллӣ… нашри асарҳои гуногуни бадеӣ, адабӣ, илмӣ, таълимию фаннӣ далолат аз он мекунанд, ки роҳбарияти олии мамлакат барои рушду нумӯи донишу маънавиёти ҷомеа беш аз марҳалаҳои пешини таърихӣ талош доранд», – гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар мақолаҳои  китоби «Бунёдгузорони нашри китоб», ки ба ин муносибат таҳия ва нашр шудааст, бо далелҳо зикр гардидаанд, ки гузаштагони халқи тоҷик  дар истеҳсоли коғаз, китобат, рангсозӣ, ҷузвбандӣ, муқовасозӣ, саҳҳофӣ, зарнигорӣ, нақшу нигориш, чармгарӣ ва ҳунарҳои китобсозӣ шуҳрат доштаанд. Хуҷанд, ҳамчун яке аз шаҳрҳои бостонии Шарқ, дар ривоҷи ҳунарҳо, аз ҷумла дар ҳунарҳои зикршуда, мақоми намоён доштааст.
Олимону шоирон ва тоҷирони машҳуре, ки дар Хуҷанд ба воя расида буданд, ба кишварҳои дигар рафта, шуҳрати  ин шаҳр ва миллати тоҷикро баланд бардоштаанд. Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ аз зумраи онҳо буданд. Таърихшиноси дақиқназар ва шинохтаи тоҷик, профессор Назирҷон Турсунов дар асарҳои фундаменталии худ «Таърихи Хуҷанд» (ба забони русӣ), «Шаҳри офтобӣ» таҳқиқоти пурарзишро анҷом додааст. Вақте сухан дар бораи илмҳои дақиқ меравад, рушди ин илмҳоро бе номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ тасаввур кардан номумкин аст. Абумаҳмуди Хуҷандӣ яке аз донишмандоне буд, ки дар илмҳои риёзӣ ва нуҷум дар илми ҷаҳонӣ саҳми равшан гузоштааст.
Муҳаққиқи шинохтаи давраи шуравӣ П.Г. Булгаков дар бораи ӯ навиштааст: «Дар кӯҳи Таборак дар шаҳри Рай, ки расадхонаи Хуҷандӣ - мунаҷҷими дарбори Фахрӣ, қомат афрохтааст, қисме аз он дар зери замин ва қисме баланд ба сӯи осмон боло рафтааст, ба як чашм-диоптрия рост ба тарафи ҷануб судси бузург-кашфиёти барҷастаи доҳие аз Хуҷанд аст, ки тамоми олимони он замонро бинобар дақиқӣ ва оригиналӣ будани сохтмон ба ҳайрат оварда буд».
Абурайҳони Берунӣ аз Абумаҳмуди Хуҷандӣ масоили риёзӣ ва нуҷумро омӯхта буд ва дар асарҳояш дар бораи ӯ маълумоти муҳим додааст.
Дар китоби «Бунёдгузорони нашри китоб» (нашриёти «Ношир», Хуҷанд-2023) рӯзгор, осор ва фаъолияти густардаи Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ ҳамчун ношир, тоҷири китоб ва маорифпарвар, шахси фидоии фарҳанги халқи худ тасвир шудааст. Дар маъруза ва мақолаи  Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, инчунин, дар асари бадеии ӯ - романи «Сафинаи шикаста», ки порчае аз он ба табъ расидааст, ҳаёту фаъолияти гуногунпаҳлуи Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар вобастагӣ ба вазъи замон тасвир ёфтааст. Як ҷиҳати муҳим дар мақолаи илмӣ ва порчаи бадеии муаллиф аз романи мазкур ин нақши модари Сиддиқхоҷа дар тарбияи фарзандон аст. Модари ӯ зани босавод, бофарҳанг буда, дар тарбияи фарзандон, хоссатан дар тарбияи Сиддиқхоҷа,  таваҷҷуҳи махсус намудааст. Бинобар ин, фазилатҳои модараш дар ташаккули шахсияти фарзанд нақши  бузург доштааст.
Дар мақолаҳои муаллифони дохилию хориҷӣ П. Додохоҷаева, А. Усмонзода, Б. Раҳматов, Ҳ. Мӯсозода, З. Ғаффорӣ, Д. Эгамзод, Ф. Абдухолиқов, Р. Ҷабборов, Н. Нурзод ва чанде дигарон масъалаҳои интишори китоб дар Осиёи Миёна, нашри китобҳои тоҷикӣ аз тарафи Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ, хидмати Нувал Кишур дар интишори забон ва адабиёти тоҷик дар Ҳиндустон, хусусиятҳои санъати саҳҳофӣ ва мавзуъҳои дигар бо такя ба  маъхазҳо таҳқиқи хуб сурат гирифтааст.
Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ аз тамоми навъҳои тиҷорат маҳз ба нашру тиҷорати китоб машғул шудааст,  ин самтро афзал донистааст ва ин далели қотеъ бар ин аст, ки ӯ тиҷоратро ҳамчун шахси маорифпарвар бо интишори китоб барои мусоидат ба равнақи илму фарҳанги мардум бо ҳам пайвастааст. Ин гувоҳи он аст, ки Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар муҳити маорифпарварӣ ба камол расидааст. Дар воқеъ, аксари китобҳое, ки бо усули литографӣ дар Деҳлӣ, Лакҳнав, Истанбул, Тошканд, Кобул, Бухоро батабъ мерасиданд, қисми зиёди онҳо бо саъю эҳтимом ва фармоиши ӯ будаанд. Дар китобҳои батабърасондаи ӯ, дар саҳифаи аввал бо хатти зебо навишта мешуданд: «Бо саъю эҳтимоми Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ-тоҷири китоб», «Дар матбааи номии киромии Ориф Афандӣ, воқеъ дар Истанбул ба табъ расид». «Дар вилояти Тошканд равнақи интибоъ пазируфт» ва ғайра.
Чанде аз асарҳои дар матбааҳои шаҳрҳои гуногун ба саъю кӯшиши Сиддиқхоҷа нашр шударо, ки имрӯз дар китобхонаҳои муътабари ҷумҳуриамон ва кишварҳои дигар, нигоҳдорӣ мешаванд ва дар дасти шахсони алоҳида низ, мавҷуданд ва аз осеби замон маҳфуз мондаанд, метавон номбар кард. «Достони Амир Ҳамза» дар Лакҳнав, «Куллиёти Амир Навоӣ» дар Тошканд, дар матбаии Ғулом Ҳусайн, «Мантиқ ут-тайр»-и Фаридуддини Аттор дар Лоҳур, «Тафсири Нуқракор» дар матбаи Нувал Кишури Лакҳнав, «Шарҳи Ҷомӣ» дар Бомбай, «Девони Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ» дар матбааи Тошканд, «Шарҳи таарруф» дар матбааи Нувал Кишур дар Лакҳнав, «Риёз ун-носеҳин» дар матбааи Муҳаммадбек дар Истанбул, «Қиссаи Далла ва Мухтор» дар Лакҳнав, «Қиссаи Шоҳзода Баҳром ва Малика Гуландом» дар Лакҳнав, «Қиссаи Варқаъ ва Гулшоҳ» дар Лакҳнав, «Мантиқ ут-тайр» дар Истанбул, «Наводир –ул-меъроҷ» дар Бомбай ва даҳҳо китобҳои дигар дар матбааҳои шаҳрҳои мухталиф ба табъ расида, ба фурӯш рафтаанд. Фаъолияти васеи Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ, сафарҳои пайдарпайи ӯ ба шаҳрҳои гуногун дар он шароити душвори роҳҳо ва нақлиёт дар воқеъ, ҳайратангез мебошад.
Хоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар табъу нашри китоб, чунонки аз унвони бисёр китобҳои нашр намудааш дида мешавад, хеле дақиқназар ва соҳибдарк будааст. Девонҳои шоирони бузург, луғатҳо, қиссаҳои бадеӣ, асарҳои илмӣ ва динии хусусияти тарбиявӣ дошта дар маркази диққати ӯ будааст. Конфронси мазкур ва китоби нашршуда ба Ҳоҷӣ Сиддиқи Хуҷандӣ бахшидашуда бошад ҳам, аз тарафи дигар масъалаҳои  луғатнигорӣ, кори табъу нашр дар Осиёи Миёна, ҳунарҳои коғазсозӣ, китобдорӣ ва саҳҳофӣ, робитаҳои фарҳангию илмии олимон ва тоҷирони тоҷикро бо Ҳиндустону Эрон, Туркия, Россия  дар бар гирифтаанд.
Дар баробари олимони тоҷик дар конференсия олимон аз Россия, Ӯзбекистон, ИМА (асосан, наберагони  Сиддиқхоҷа) иштирок кардаанд ва мақолаҳояшон дар маҷмуаи номбурда дарҷ шудааст. 
Маърузаи академик Носирҷон Салимӣ масъалаи муҳими пайванди маорифпарварӣ табъу нашри китоб,  нақши китоб дар ташаккули ҷаҳонбинии муосир ва рушди фарҳангро дар бар гирифта, кору мероси Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ чун намунаи равшани маърифатпарварии халқи тоҷик арзёбӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд се ҷоиза ба номи Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ «Китоби беҳтарин», «Китобдори беҳтарин» ва «Ношири беҳтарин» таъсис шудааст, ки барои рушди ин соҳа хеле мусоидат хоҳад кард. Нимпайкараи ин шахсияти нотакрор дар назди китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ гузошта шудааст, ки нишони қадршиносӣ аз заҳматҳои ӯ барои миллат мебошад.
Аҳамияти Конфронси байналмилалии ба 150 - солагии Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ бахшидашуда аз мавзуи он хеле бештар буда, саҳифаи тозаеро дар саъю талоши маорифпарварони тоҷик барои босаводу китобхон кардани мардум нишон медиҳад. Ғайр аз ин, беҳтар шинос шудани аҳолии кишвар бо кору пайкори шахсиятҳои бузурги тоҷик, ки барои танвири афкори мардуми худ хидмати фидокорона кардаанд, дар ташаккули шуури таърихӣ, боло рафтани эҳсоси ифтихори миллӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ хеле муфид аст. Ба ҷомеа ҳарчи бештар шинос кардани чеҳраҳои тобноки фарҳанги миллӣ, бахусус онҳое, ки ҷоннисорона хидмат кардаанд, қарзи аҳли илм мебошад. Бинобар ин, Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Эътиқоду эҳтироми мардуми мо ба китоб аз қаъри асрҳо ибтидо гирифта, дар марҳалаи кунунии рушди ҷомеа боз ҳам бештар эҳсос мегардад».

Кароматулло ОЛИМОВ, академик

Санаи нашр: 29.05.2023 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив