ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚРОРИ СУЛҲ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

ИСТИҚРОРИ СУЛҲ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

01 июн 2023, Панҷшанбе
58
0
 
Аҳамияти сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бояд аз хурд то бузург ҳама ба хубӣ эҳсос, қадр ва ҳифз намоем.                                                                                           
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. 
Воқеан, дар ин раванд, Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик нақши муассиру сарнавиштсоз дорад.  Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз раванди фоҷиабори миллатро интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздошт, ки онро оғози бунёди давлати соҳибистиқлол метавон гуфт. Сиёсатмадори ҷавону тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои ватандӯстонаашон дар як муддати кӯтоҳ ба даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, дар кишвар сулҳу суботро барқарор карданд. 
Савганди нахустини Роҳбари ҷавони кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум як руҳияи наву умедбахш дар оғози обод кардани кишварамон бахшид. Дар он вазъи ниҳоят ҳассос кори худро аз сарҷамъ намудани тамоми гурӯҳҳои солимфикр шуруъ карда, ваъда доданд, ки барои халқи Тоҷикистон сулҳ меоранд. Инчунин, пайваста таъкид менамуданд, ки танҳо якдигарфаҳмӣ ва боварӣ ба ҳамдигар метавонад Тоҷикистонро ба масири сулҳу ваҳдат раҳнамун созад.
Маҳз ба шарофати талошҳояшон ҳокимияти давлатӣ дубора барқарор шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кори худ барои таъмини амният ва риояи қонуният рӯ оварданд. Дар сатҳи давлатӣ сиёсати мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон оғоз ёфт. Дар натиҷаи чандин музокирот ва гуфтушунид байни намояндагони давлат ва мухолифин, ахиран 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи  истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд. Дар имзои ин Созишномаи тақдирсози миллати тоҷик саҳми Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои бо мо дӯсту бародар хеле намоён аст.
Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи мазкур мардуми мо тавонист, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нав – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намояд.
Имрӯз созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмиву сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Пойдории давлат ва бақои он, оромию осоиштагии ҷомеа, ҳаёти осудаи мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту идораҳо ва таъмини волоияти қонун бо адолати судӣ робитаи ногусастанӣ дорад. 
Ба ҳар як шохаи ҳокимият дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи Конститутсия вазифаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон вогузор шуда, нишонаи олии он ҳифзи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар сурати риоя нашудани ин ҳуқуқҳо аз ҷониби дигар мақомот, шахс метавонад бо истифода аз ҳифзи судӣ, шохаҳои дигари ҳокимиятро уҳдадор намояд, ки ин ё он амалеро, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро маҳдуд ва ё поймол намудааст, бартараф намояд.
То имрӯз ҳокимияти судии кишвар дар таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар ҷумҳурӣ Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ татбиқ ва ислоҳоти судӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Дар ҷараёни татбиқи ин Барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бо назардошти рушди ҷомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун, эҳтироми инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ, баррасии саривақтии парвандаҳо, иҷрои санадҳои судӣ ва ба низоми электронӣ гузаштани судҳо тадриҷан ташаккул меёбанд. 
Барои ба чунин рӯзҳо расидан Сарвари давлат ҷонбозиҳо карда, ба он ваъдаҳое, ки ба мардум дода буданд, расиданд. Мо, халқи тоҷик, набояд фаромӯш созем, ки хизматҳое, ки Пешвои миллат барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ карданд, дар таърих нақши густурда дорад. Бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои осоишта ба сар мебарем.
 
САФАРЗОДА Шосафар Акбаршо, 
судяи суди ноҳияи Рӯшони ВМКБ
Санаи нашр: 01.06.2023 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив