ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ИТТИЛОИЯ

ИТТИЛОИЯ

30 июн 2023, Ҷумъа
45
0
 
29 июн дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Дар он нахуст Дар бораи Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027 гузориши директори Агентӣ Зафарбек Давлатзода шунида шуд.
Таъкид гашт, ки Барнома ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2025 ва дигар санадҳои соҳавӣ оид ба навсозӣ ва барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ, пешгирии хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзии минтақаи обёрии мошинӣ, инчунин, ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ барои сарфаи неруи барқ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ равона шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашӣ тасдиқ гардида, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалишавии Барнома ва ҷалби сармоя тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сипас, аз ҷониби аъзои Ҳукумат лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2023» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” баррасӣ гардида, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол шуд.
Аъзои Ҳукумати кишвар панҷ пешниҳоди хулосаи Ҳукумат, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ карда, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол карданд.
Зимни маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Дар бораи Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 ва Дар бораи натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди  маъмурии  шаҳри  Нораки  вилояти  Хатлон  ба  ҳолати 1 январи соли 2022 матраҳ гардид. 
Баъди баррасии масъалаҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати барномаҳо ва супоришҳои қаблии Ҳукумати кишвар дастур доданд.
Супоришҳои дигар ба Ҳукумати кишвар ва сохторҳои давлатӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиии марбут ба селу обхезӣ, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорӣ дода шуд.
Санаи нашр: 30.06.2023 №: 133-134-135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив