ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » МАҶЛИСИ МИЛЛӢ.  БАРРАСИИ 25 МАСЪАЛА ДАР ИҶЛОСИЯИ НАВБАТӢ

МАҶЛИСИ МИЛЛӢ.  БАРРАСИИ 25 МАСЪАЛА ДАР ИҶЛОСИЯИ НАВБАТӢ

16 март 2023, Панҷшанбе
67
0


Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум баргузор гардид. Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 25 масъала қабул намуданд.

Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ба «Ҷумҳурият» хабар дод, ки дар рафти муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ маъруза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Зимни баррасии рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи хариди давлатӣ» ва «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ»-ро, ки дар шакли мукаммал қабул гардидаанд, мавриди муҳокима қарор дода, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Пас аз баррасии пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан Маҳмадисо Саидзода ва Турон Қуватзода аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардида, Хусрав Ҷалилзода судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва барои аз вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан, ризоият дода шуд.
Ҳамчунин, тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва Заррез номгузорӣ намудани он, қабул гардид.
Дар идома прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ҳисобот дод.
Зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба омори вазъи ҷинояткорӣ, оид ба пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба прокурори генералӣ як қатор дастуру супоришҳо дод. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ, ҳолатҳои ҷалб ва шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсии кӯдакону ноболиғон, савдои одамон,  амалҳои коррупсионӣ ва қабули санадҳои судии хилофи қонун, раванди қабули қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба замин, инчунин, назорати риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки заминҳои корам, пешгирии изофанависии ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини сифати озуқаворӣ, бахусус маҳсулоти хӯроквории воридотӣ ва танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Сипас, тибқи рӯзномаи иҷлосия Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология бозхонд намудани ӯ, қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Дар фарҷом Рустами Эмомалӣ дар назди аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода намудани манзили зист, гулпӯш кардани кӯчаю хиёбонҳо ва амалисозии ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам зебову пешрафта гардондани кишвари азизамон вазифагузорӣ намуд.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.03.2023 №: 56
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив