ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗИ ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

РӮЗИ ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

19 июн 2023, Душанбе
10
0
Дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон доир гардид.
Раиси вилоят зикр намуд, ки баррасии саривақтии арзу пешниҳод, дархости шаҳрвандон ва то ҳадди имкон расидагӣ ба мушкилоти онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. "Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки якҷо бо фаъолон дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ комёб шавем", - иброз дошт раиси вилоят.
Дар қабули сайёр сокинони ноҳия Ғанӣ Сафаров, Сайҷалол Рафиев, Фирӯза Қурбонова, Низомиддин Куганов, Муниса Шарипова, Эшназар Абдуназаров, Саидшои Бурҳон, Худоёр Давлатов, Нигинамо Ибодова, Мошариф Зокирзода ва дигарон доир ба дарёфти кумакҳои иҷтимоӣ, барасмиятдарории манзили истиқоматӣ, таъмиру азнавсозии қубурҳои обпарто дар маркази ноҳия, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти "Танобчӣ", ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қитъаи замин барои сохтмони фермаи мурғпарварӣ ва ташкили хоҷагии деҳқонӣ, мусоидат ба табобати фарзанд, таъмини оби ошомиданӣ  масъалагузорӣ намуданд.
Ба шаҳрвандоне, ки хостори кумаки молиявӣ буданд, аз номи раиси вилоят кумакпулии яквақта дода шуд. Давлаталӣ Саид ба масъулон дастур дод, ки оилаҳои ниёзманд ва шаҳрвандоне, ки имконияти ҷисмониашон маҳдуд аст, таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ қарор дода шаванд.
Вобаста ба арзёбӣ ва расидагӣ ба арзу дархости баёншуда ба роҳбарони ниҳодҳои дахлдор низ, дастурҳо ироа гардиданд.
 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 13.06.2023 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив