ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҚТИСОД.  КИШОВАРЗӢ АЗ СОҲАҲОИ КАЛИДИИ РУШДДИҲАНДА АСТ

ИҚТИСОД.  КИШОВАРЗӢ АЗ СОҲАҲОИ КАЛИДИИ РУШДДИҲАНДА АСТ

19 июн 2023, Душанбе
39
0
Заминаҳои рушду инкишофи Ватани азизамон дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намудани донишҷӯёну ҷавонони кишвар  аз таблиғу ташвиқи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Солҳои охир мо ба шарофати Пешвои миллат ва заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.
Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат аз ибтидои соли 2000-ум мо ба марҳилаи рушд ворид гардидем ва тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба иҷрои вазифаҳои тибқи чор ҳадафи стратегии миллӣ пешбинишуда  сафарбар намудем ва маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7,3 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шуд.
 Яке аз ҳадафҳои стратегӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун кардани иқтидори содиротии мамлакат таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти ғизоӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Нишондиҳандаҳои иқтисодии соҳаи кишоварзии мамлакат нишон медиҳанд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ   мунтазам меафзояд. Масалан, дар соли 2021 нисбат ба соли 2008 ҳаҷми зироати ғалладонаҳо 643398 тонна, картошка 361542, полизиҳо 533576, сабзавот 1689352, пахта 35658 ва шолӣ 87738 тонна афзудааст. Омили афзоиш агар талаботи рӯзафзуни мардум ва зиёдшавии майдони кишт бошад, аз тарафи дигар,  паёмҳои Сарвари давлат низ, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъсири худро расондааст. 
Солҳои охир дар баробари самаранокии истеҳсолот дар соҳаи рустанипарварӣ нишондиҳандаи ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аз ҳар гектар майдони кишт зиёд гаштааст. 
Дар иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ 27,7 фоизро ташкил медиҳад, ки барои расидан ба амнияти ғизоӣ соҳаи муҳим ба ҳисоб меравад. Солҳои охир динамикаи истеҳсоли маҳсулоти чорвопарварӣ афзудааст, ки дар ҷадвали зерин оварда шудааст.  
Динамикаи истеҳсоли маҳсулоти чорвопарварӣ (ҳаз.тонна) 
Маълумоти ҷадвал нишон медиҳад, ки истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва  пашм зиёд шудааст, вале дар баробари ин, технологияи нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ дар сатҳи зарурӣ ва тибқи меъёрҳои қабулшуда таъмин нагардидааст ва соҳибкоронро зарур аст, ки дар ин самт низ, чораҷӯӣ намоянд.
Яке аз нишондиҳандаҳои расидан ба амнияти ғизоӣ ва самаранокии иқтисодии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар аҳолӣ мансуб меёбад. Ин нишондиҳанда дар солҳои охир рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Ҳамаи намудҳои истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла ғалладона, картошка, сабзавот, полизӣ, ангур, гӯшт, шир ва тухм, ба ҳар як нафар аҳолӣ аз 14,7 фоиз то 5,2 маротиба афзудааст.
Президенти кишвар дар Паёми худ аз 23 декабри соли 2022 таъкид намудаанд: «Бо вуҷуди ин имкониятҳо дар самти самаранок истифода бурдани обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва ҳосилнокии зироатҳо то ҳол пурра истифода нашудаанд ва чунин вазъ аз роҳбарону масъулин андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд».
 
Б. МИРЗОЕВ, дотсенти ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур
Санаи нашр: 13.06.2023 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив