ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОНАНДАГОНИ «ҚАЛАМ» ДАР РОССИЯ

ХОНАНДАГОНИ «ҚАЛАМ» ДАР РОССИЯ

20 июн 2023, Сешанбе
11
0
Ҳафт хонандаи Маркази таълимии «Қалам»-и шаҳри Душанбе шумораи бештари ҷом ва медалҳоро дар ҳафтумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ сазовор гашт. Мусобиқа дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, дар он 100 нафар аз давлатҳои гуногуни дунё иштирок дошт. 
Дар радабандӣ дастаи шаҳри Душанбе бо 5 ҷом, 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ аз беҳтаринҳо буд. Шукрулло Холматов, Баҳриддин Салимов, Робиямоҳ Эмомалиева, Тасним Тоир, Муҳаммадамин Ҳусейнов, Расул Хоҷев, Саидмустафо Самадзода ғолибони Мусобиқаи мазкур мебошанд.
 
 
НИСО РУСТАМОВА – БАРАНДАИ ОЗМУНИ  "МАРВОРИДИ ҶАҲОН-2023"
Дар шаҳри Қазон Озмуни зебоӣ ва ҳунар - "Марвориди ҷаҳон-2023" барои донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои Тотористон баргузор шуд. 
Ҷоизаи «Miss Sensibility» насиби Нисо Рустамова, донишҷӯи тоҷикистонии Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Назиб Жиганов гардид. Дар Озмун 36 нафар аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат варзид.
 
 
МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТИИ ДАНҒАРА САЗОВОРИ ҶОИ ЯКУМ ШУД
Ҳайати омӯзгорону шогирдони Мактаби президентии Данғара бо ишғоли шумораи бештари ҷойҳо дар олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ байни хонандагони синфҳои 11 сазовори ҷойи аввал гардид.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар он Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъули соҳа ширкат варзида, фаъолонро бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карданд. 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.06.2023 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив