ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АРМУҒОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.  ЧОПИ НАВИ КИТОБҲОИ САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДӢ

АРМУҒОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.  ЧОПИ НАВИ КИТОБҲОИ САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДӢ

20 июн 2023, Сешанбе
38
0
Ба хотири арҷ гузоштан ба хидматҳои нависанда, рӯзноманигор ва коргардони боистеъдод Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – 
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои нависандаи хушбаён бознашр гардиданд.
Китобҳои «Чашми саҳар», «Гунҷишки сафед», «Аз ёдҳо, аз ёдҳо», «Ситораҳои сари танӯр», «Падруду пайғом», «Васва-саҳои зикриваҳй» ва «Доғҳои офтоб», ки солҳо пеш ба нашр расида буданд, бо назардошти хонандаи зиёд доштан, барои насли ҷавони замони Истиқлол кампайдо гардида буданд.
Маврид ба зикр аст, ки аксари қиссаву ҳикояҳои ин адиби навовар инъикосгари рӯзгори  мардуми кӯҳистон, расму оини нотакрори тоҷикон буда, симои қаҳрамонҳои асар воқеӣ ба қалам омадаанд ва яке аз хусусиятҳои  ҷолиби сабку салиқаи эҷодкор низ ҳамин аст. Нашри нави китобҳои мазкур барои алоқамандони адабиёт туҳфаи арзишманд буда, барои пос доштани хотири яке аз ҷонфидоиёни миллату Меҳани хеш – Сайф Раҳимзоди Афардӣ амали неку мондагорест. 
 
Б. САЛИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 19.06.2023 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив