ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРАЗМ. ОҒОЗИ ТАШАККУЛИ ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

САРАЗМ. ОҒОЗИ ТАШАККУЛИ ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

20 июн 2023, Сешанбе
20
0
Кашфи Саразм бузургтарин дастоварди бостоншиносони кишвар ба ҳисоб рафта, на танҳо аҳамияти таърихии дохиливу минтақавӣ, балки байналмилалӣ дорад. Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудани ин ёдгории беназири шаҳрсозӣ, бешак, боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мо – мардуми Тоҷикистон мебошад.
Шаҳраки қадимаи суғдиён – Саразми бостон соли 1976 аз ҷониби бостоншиноси тоҷик, профессор Абдуллоҷон Исҳоқов кашф мегардад, ки ин яке аз дастовардҳои арзишманди асри XX дар илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳоло он яке аз қадимтарин ёдгориҳои Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар наздикии деҳаи Саразм, 15 километр ғарбтари шаҳри Панҷакент ҷой гирифтааст. Шаҳраки Саразм дар мавзеи нисбатан баланд сохта шуда, ҳоло масофаи он аз ғарб ба шарқ ба 1500 метр ва бараш аз шимол ба ҷануб ба 400 метр (дар самти ғарбӣ), то 800 метр (дар самти шарқӣ) мерасад. Ҳафриёти Саразм тирамоҳи соли 1976 оғоз гардида, аввал хандақи ҳаҷмаш 2х4 метр канда шуд. Давраҳои таърихӣ ва ғафсии қабатҳои маъданӣ муайян гардид. Равшание дар қаъри таърих пайдо шуд. Аён буд, ки Саразм ба замони энеолит ва биринҷӣ мансуб буда, таърихи 5500-сола дорад. Дар ибтидо ин маълумот фарзияеро мемонд. Барои далелҳои дақиқ дар якчанд ҷойҳои ёдгорӣ хандақҳо кофта, ҳафриётҳои бостонӣ гузаронданд.
Дар муддати 22 сол аз ҷониби кормандони маркази бостоншиносии шаҳри Панҷакент дар шаҳраки Саразм 12 шуфр ва 11 ҳафриётгоҳ таҳқиқ карда шуд. Соли 1991 китобе бо номи   “Саразм” ба забони русӣ чоп гардид. Дар ҳафриётҳои солҳои 1976-1996 аз 100 гектар майдони шаҳраки Саразм ҳамагӣ як гектари он кушода шуда буду халос ва имрӯз аз ду гектари ҳафриётшуда зиёда аз 200 хонаи истиқоматӣ, 5 мубади оташ, як анбори ғалланигоҳдории ҷамъиятӣ, як бӯстонсаро бароварда шуд. Сокинони Саразм дар ҳавлиҳои кушод, кӯчаву тангкӯчаҳои пиёдагард ва кӯчаҳои аробагард рафтуо дошта, дорои фарҳанги баланди шаҳрсозӣ будаанд. Аз он ҷо лавозимоти рӯзгор, ороишоти тиллоӣ, нуқрагин, мисӣ, биринҷӣ, сангҳои гуногун, зарфҳои сафолини мунаққашу деворнигораҳо, ки аз санъати баланди ҳунармандии гузаштагонамон шаҳодат медиҳанд, дарёфтанд.
Ҳамчунин, дар ҳафриёти Саразм зиёда аз 500 дона сари урчуқҳои ресандагӣ, даҳҳо дирафшу сӯзанҳо ва дигар олоти бофандагию дӯзандагӣ дарёфт шуданд. Умуман, ниёгони мо дар осори тамаддуни Саразм аз худ касбу ҳунарҳои гуногунро мерос гузоштаанд, ки дар тули ҳазорсолаҳо такмил ёфта, то имрӯз аз он оҳангарӣ, чармгарӣ, заргарӣ, бофандагӣ, наққошӣ ва ғайраҳо боқӣ мондаанд.
Имрӯзҳо бостоншиносони ҷавони ватанию хориҷӣ роҷеъ ба ин ёдгории таърихӣ тадқиқоти илмӣ анҷом дода, дар самти бозёфтҳои нодири Саразм андешаҳои гуногунро нашр менамоянд. Бе муболиға метавон гуфт, ки китоби «Саразм – оғози тамаддуни тоҷикон» дар шинохти паҳлуҳои гуногуни шаҳраки қадимаи тоҷикон – Саразм муфиду аввалиндараҷа буда, он дар сафҳаи таърих мондагор мебошад.
Мо – тоҷиконро, зарур аст, ки осори моддӣ ва маънавии худро дарёфт намуда, дар талош ва омӯзиши таърихи гузаштаи худ бошем. 
 
Фархунда ҚУРБОНОВА,
мутахассиси маркази “Тоҷикшиносӣ”-и
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 19.06.2023 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив