ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » QAZAQSTAN BARYSY GRAND SLAM 2023

QAZAQSTAN BARYSY GRAND SLAM 2023

20 июн 2023, Сешанбе
16
0
Медали тиллои Сомон ва нишони нуқраи Темур
Паҳлавони саршиноси кишвар Сомон Маҳмадбеков (-81кг) дар мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 барандаи нишони тилло гашт. 
Сомон то рақобати финалӣ бар Ҳасан Холмирзоев (варзишгари бетараф), Зелим Тскаев (Озарбойҷон) ва Дмитрий Гошилаидзе (Гурҷистон) пирӯз шуда, дар вохӯрии ҳалкунанда Гилерме Шмидт (Бразилия)-ро мағлуб намуда, аввалин бор дар корномааш ғолиби “Тоскулоҳи бузург” гардид. Ӯ қаблан аз Гранд сламҳо ду медали биринҷӣ дошт. 
– Бисёр шодам, ки дар ду ҳафта ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Остона медали тилло ба даст овардам. Мехоҳам сипоси худро ба мухлисоне, ки маро дастгирӣ карданд расонам, – гуфт Сомон дар мусоҳиба бо телевизиони IJF. 
Ин сеюмин медали тиллои Гранд Слам дар таърихи варзиши тоҷик мебошад. Қаблан Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ ба ин натиҷа даст ёфта буданд. 
Миёни сангинвазнҳо дар мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 Темур Раҳимов мақоми дуюмро касб кард. Ӯ дар финал аз Тамерлан Башаеви россиягӣ шикаст хӯрд
Дар ҳисоби умумии медалҳо Тоҷикистон бо як тилло ва як нуқра миёни 42 кишвар мақоми 5-умро касб кард.
 
 
 
ГӮШТӢ
Абдулмаҷид Кудиев – чемпиони Осиё миёни ҷавонон 
Абдулмаҷид Кудиев (-65кг), варзишгари Тоҷикистон, дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштии тарзи озод миёни ҷавонони то 23-сола (Бишкек, Қирғизистон) қаҳрамон шуд. 
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, зӯрозмоиҳо дар ин вазн тибқи системаи даврӣ сурат гирифт. Абдулмаҷид дар даври аввал аз Акбар Қурбонов (Қазоқистон) мағлуб шуда, дар даври дуюм бар Тутсҷаргал Эрденебат (Муғулистон) дастболо гардида, ба нимфинал баромад. Барои роҳхат ба финал ӯ Сингҳ Ҷаскарани ҳиндуро ноком сохт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Абдулмаҷид Кудиев гӯштигири мизбон Аден Сакайбаевро шикаст дод. 
Ин медали сеюми варзишгарони мо дар чемпионат мебошад. Қаблан Фирӯз Мирзораҷабов (гӯштии юнонӣ-римӣ, -63кг) медали биринҷӣ ва Мустафо Ахмедов (гӯштии тарзи озод, -70кг) нишони нуқра гирифта буданд. 
 
 
 
ҚАИҚРОНӢ
Ду медал аз чемпионати Осиё
Дар чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ-марафон байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон (15-18 июн, Фанг-Нгаи, Таиланд) варзишгарони тоҷик ду медал (тилло ва нуқра) гирифтанд. 
Бар пояи маълумоти Федератсияи қаиқронии кишвар, мақоми аввалро Муҳаммад Раҷабов байни наврасон дар намуди каноэ якнафара дар масофаи 10000 метр ишғол кард. 
Қаиқрони номдори кишвар Шаҳриёр Даминов байни калонсолон дар намуди каноэ якнафара (10000 метр) медали нуқра ба даст овард. 
 
 
 
Ғалабаи навбатии Баҳодур дар бокси касбӣ 
Баҳодур Усмонов (5-0) дар  мусобиқаи «RCC Boxing» муқобили Тихон Нетесови рус (10-4) дар раунди чорум бо нокаути техникӣ ғолиб омад. 
Дар ин қувваозмоӣ боксчии тоҷик ҳам аз нигоҳи суръат ва ҳам аз ҷиҳати техника аз ҳарифаш як сару гардан боло буд. 
Ҳамин тавр, Баҳодур дар набарди панҷум ғалабаи панҷумро соҳиб шуд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 19.06.2023 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив