ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БУНЁД ВА БАРҚАРОРСОЗИИ БОҒУ ТОКЗОР

БУНЁД ВА БАРҚАРОРСОЗИИ БОҒУ ТОКЗОР

20 июн 2023, Сешанбе
19
0
Боғу токпарварӣ ҳамчун соҳаи пурмаҳсули комплекси агросаноатии мамлакат дар бобати таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрока, афзун гардондани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муҳим дорад. 
Бо мақсади рушди соҳа, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур то 2 июн дар майдони 821 гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки 748 гектари он боғи нав  (аз он 6,3 гектар боғи интенсивӣ, 73 гектар токзор) мебошад. Барқарорсозии боғу токзори куҳна 1643 гектарро ташкил медиҳад. 
               
 
 
ҲОЛАТИ САБЗИШИ ПАХТА ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ
Айни ҳол бо мақсади ба даст овардани ҳосили дилхоҳи “тиллои сафед” рафти нигоҳубин ва сабзиши пахта дар мадди назари пайвастаи пахтакорони ҷумҳурӣ қарор дорад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 9 июни соли равон дар майдони 180351 гектар пунбадона кишт шудааст. 
Аз майдони умумии киштшуда 174524 гектар пурра инкишоф ёфта, дар масоҳати 127198 гектари он корҳои озуқадиҳӣ ва дар майдони 141159 гектар ягонакунӣ анҷом дода шуд.
 
 
 
РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ САБЗАВОТ ВА ПОЛИЗӢ 
Тибқи маълумоти фаврии Раёсати рустанипарварӣ, дар ҷумҳурӣ то 9 июн дар майдони 40365 гектар сабзавот кишт шудааст. То имрӯз аз майдони 14162 гектар 468140 тонна ҳосил, аз ҷумла 308149 тонна пиёз, 24055 тонна карам, 23668 тонна помидор, 42278 тонна бодиринг, 45466 тонна сабзӣ ва 24524 тонна дигар намуди сабзавот ҷамъоварӣ гардид. Ҳосилнокӣ аз як гектар ба ҳисоби миёна 331 сентнерро ташкил медиҳад. 
Бо фарорасии мавсими гармо фаъолияти деҳқонон дар самти парвариш ва ҷамъоварии ҳосили полизиҳо низ, дучанд меафзояд. Дар ҷумҳурӣ дар майдони 18582 гектар полизӣ кишт шудааст. То имрӯз аз майдони 1305 гектар дар ҳаҷми 39984 тонна ҳосил  ҷамъоварӣ гардид, ки ҳосилнокӣ 306 сентнерро ташкил медиҳад. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.06.2023 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив