ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУРҒОБ.  АРҶГУЗОРӢ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ДОИРАИ ЯК КОНФРОНС

МУРҒОБ.  АРҶГУЗОРӢ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ДОИРАИ ЯК КОНФРОНС

21 июн 2023, Чоршанбе
6
0
Ҷиҳати иҷрои дастури  Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти ҳамин  унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар  Конференсия  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Алишер Мирзонабот, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сахидод Раҳматуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ  Комилбек Амид иштирок ва суханронӣ намуданд.
Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни баромад дар мавзуи "Забони тоҷикӣ – рукни асосии бақои давлату миллат" зикр кард, ки забони тоҷикӣ дар ҳама давру замон дар ташаккулу устувории ҳувият, худогоҳӣ ва асолати миллии тоҷикон нақши муассир гузошта, имрӯз низ дар раванди давлатдорӣ ва шаклгирии ҳувияти миллӣ ин рисолатро иҷро намуда истодааст. Аз ин ҷиҳат, эҳтиром ба забони тоҷикӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рудобаи Мукаррам дар мавзуи "Забони тоҷикӣ – нахустунсури муайянкунандаи миллат" маъруза карда, аз бузургии забони тоҷикӣ ва ташаккулу таҳаввули он дар тули таърих ёдоварӣ намуд. Таъкид гардид, ки арзиши олии забони тоҷикӣ дар баробари рукнҳои давлатдорӣ, истиқлолу худсолорӣ ва ваҳдати миллӣ муаззаму муқаддас аст, зеро забон воситаи таҳвилу интиқоли таъриху тамаддуну фарҳанг ва маърифату маънавиёту илму адаб аз як насл ба насли дигар мебошад. Аз ин рӯ, забон ба сифати ҷузъи таркибии фарҳанг яке аз унсурҳои асосии муайянкунандаи миллат маҳсуб меёбад.
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сахидод Раҳматуллозода зимни суханронӣ дар мавзуи "Забони тоҷикӣ – асоси худшиносӣ, ҳувият ва ваҳдати миллӣ" дар хусуси мақому ҷойгоҳ ва таъсири забони тоҷикӣ дар ташаккулу шаклгирии худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, инчунин, нақши забон дар сарҷамъиву ваҳдати миллии халқ  андешаҳои ҷолиб баён  дошт.
Комилбек Амид Ёрбек, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, дар маърузаи хеш таҳти унвони "Нақши Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар густариши забони тоҷикӣ" аз фаъолият, тадқиқу омӯзиш ва корҳои илмие, ки то имрӯз дар ин Донишгоҳ ҷиҳати густаришу рушди забони тоҷикӣ анҷом дода шудаанд, ёдоварӣ кард. 
Пас аз ироаи маърузаҳо намояндагони касбу кори гуногуни ноҳияи Мурғоб баромад намуда, дар доираи мавзуи баррасишаванда фикру андешаҳои хешро иброз доштанд. Дар хотимаи Конференсия як қатор фаъолон ва собиқадорони ноҳияи Мурғоб барои хидматҳои шоиста ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти маҳал аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд. 
Кори Конференсияро узви  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб  Раҷабзода Ҳусния бо изҳори сипос барои баргузории чунин чорабинии хотирмон дар  ин гӯшаи дурдасти  Ватани азизамон ҷамъбаст намуд. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2023 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив