ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЛМААТО. ИШТИРОКИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ ХБА ОИД БА РУШДИ ИҚТИДОРИ КИШВАРҲОИ ҚАФҚОЗ,  ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА МУҒУЛИСТОН

АЛМААТО. ИШТИРОКИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ ХБА ОИД БА РУШДИ ИҚТИДОРИ КИШВАРҲОИ ҚАФҚОЗ,  ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА МУҒУЛИСТОН

21 июн 2023, Чоршанбе
11
0
 
Дар шаҳри Алмаато маросими ифтитоҳи расмии Маркази минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор оид ба рушди иқтидори кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон доир гардид, ки дар он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ширкат варзид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур рушди иқтидори иқтисодии нуҳ кишвар - Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷис-тон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад. Ба ҷуз аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Гурҷистон низ ҷойгир намудани Маркази мазкурро дар ҳудуди кишварашон дархост карда буданд ва моҳи октябри соли 2019 ХБА тасмим гирифт, ки он дар шаҳри Алмаато ифтитоҳ карда шавад.
Маркази минтақавӣ дар Алмаато 17-умин Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА ба ҳисоб меравад ва бино ба иттилои раиси шаҳри Алмаато Ерболат Досаев, таъсиси он ба табодули таҷриба миёни кишварҳои ширкаткунанда, афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва суботи молиявии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи 4-уми “Ҳамкории ХБА бо кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон оид ба рушди иқтидор” намояндагони ХБА ва мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистонро барои дар сатҳи баланди ташкил ва баргузор намудани чорабинии мазкур таҳният гуфта, зикр кард, ки ин санаро метавон санаи таърихӣ номид, зеро он дар таърихи ҳамкории мутақобилаи ХБА ва кишварҳои минтақа марҳалаи нави ҳамкориро оғоз мебахшад.
Ҳоким Холиқзода зикр намуд, ки сарфи назар аз  хуруҷи бемории сироятии COVID-19, аз соли 2021 то ба имрӯз Маркази минтақавӣ ба таври фосилавӣ фаъолият дошт ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ, вебинарҳо, мизҳои мудаввар ва муҳокимаҳои ташкилнамудаи он фаъолона ширкат варзиданд. Чорабиниҳои омӯзишии Марказ доираи васеи мавзуъҳо, аз қабили рушди устувор ва фарогирии молиявии иқтисодиёти кишварҳои минтақа, навовариҳои бахши молиявӣ, ҳамгироии минтақавӣ, асосҳои макроиқтисодии низоми бонкӣ, тағйирёбии иқлим, сиёсати пулию қарзӣ ва фискалиро дар бар мегирифт. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки сарфи назар аз пешниҳоди кумаки техникӣ ва маслиҳатҳои муфиди мутахассисони Маркази минтақавӣ дар самти идоракунии макроиқтисодии самарабахш, ҳанӯз ҳам масъалаҳои нави ҳалталаб ҷиҳати рушди иқтидор боқӣ мемонанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба Департаменти низоми пулию қарзӣ ва бозори сармояи ХБА, инчунин, Маркази минтақавӣ барои пешниҳоди кумаки техникӣ оид ба пешгӯии пардохтпазирӣ, ки марҳилаи аввали он бомуваффақият татбиқ гардид, арзи сипос намуда, изҳори бовар менамояд, ки бо назардошти муҳимияти афзоиши иқтидор дар ин самт, Марказ барои амалӣ гардидани марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур ҳамкориро бо Бонки миллии Тоҷикистон идома хоҳад дод. 
Ҳоким Холиқзода зарурати боз ҳам беҳтар намудани заминаи амалиётии сиёсати пулию қарзиро таъкид намуд. Ҳамзамон, изҳори итминон карда шуд, ки Маркази минтақавӣ дар самтҳои муҳими соҳа, аз ҷумла дастгирии босуботи пулию қарзӣ ва молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, танзиму назорати бонкӣ, амнияти иттилоот, мубориза бо таҳдидҳои киберӣ, идоракунии хавфҳо, рушди бозори коғазҳои қиматнок, тақвияти фаъолияти низоми пардохт, татбиқ ва истифодаи меъёрҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (IFRS) ҳамкории самарабахшро давом медиҳад.
“Бовар дорам, ки Маркази минтақавӣ ба як платформаи ҷудонашавандаи рушди неру ва дониш дар минтақа табдил ёфта, минбаъд низ, ҷиҳати таҳкими ҳамкории сохторҳои молиявии кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон тавассути дарки амиқи хусусиятҳо ва ниёзҳои ин кишварҳо мусоидат хоҳад кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои муколама ва ҳамкорӣ бо ХБА омода аст”, – иброз дошт Ҳоким Холиқзода.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2023 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив