ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАБОНИ АНГЛИСӢ.  ШЕВАИ НАВИ ОМӮЗИШ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

ЗАБОНИ АНГЛИСӢ.  ШЕВАИ НАВИ ОМӮЗИШ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

08 феврал 2023, Чоршанбе
597
0


 
Омӯзиши забони англисӣ дар замони муосир ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар табдил ёфта, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар паёму суханрониҳояшон пайваста омӯзиши забонҳои русиву англисиро таъкид медоранд. Сарвари давлат бунёди маорифи миллиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат дониста, ғамхорӣ нисбат ба маорифро – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи Ватан номиданд. 
Президенти мамлакат, ҳамзамон, таъкид доштанд, ки бо вуҷуди ба низоми муайян даромадани раванди таълим, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забони русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷаро тақозо дорад. Бинобар ин, Пешвои миллат зарур донистанд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишу касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа дода шавад.  
Воқеан, имрӯз бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ пешрафт тасаввурнопазир аст. Қариб дар тамоми соҳаҳо донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ, муҳим мебошад. Ин аст, ки талабот ба донистан ва омӯхтани забони англисӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Мутаассифона, мушоҳида ва таҳлилҳои касбӣ нишон медиҳанд, ки омӯзиши забони англисӣ дар кишвар беҳбудӣ мехоҳад. Ин ҷо, қабл аз ҳама, бояд омӯзгорон савияи донишу маҳорати касбию омӯзонандагиашонро сайқал диҳанд. Аз усулҳои муосири таълим дар фаъолияти кории худ истифода баранд, то шогирдони онҳо ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ ба воя расанд. Дар бозори меҳнат рақобатпазир буда, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо намоянд. 
Таълими забони англисӣ дар асоси усули классикии омӯзиши забонҳои хориҷӣ сохта шудааст. Ҳамзамон, ҷанбаҳои равонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба он таъсири худро расондаанд. Усулҳои таълими забони англисӣ, ки 20 сол пеш истифода мешуданд, бештар хусусияти репродуктивӣ доштанд. Калимаҳоро омӯзед, матнро хонед, сабти аудиоиро гӯш кунед, мактуб нависед. Чунин буданд супоришҳое, ки мураббӣ медод. Шояд ба ин далел, аксари калонсолоне, ки солҳои тулонӣ ин забонро омӯхтаанд, бо забони англисӣ хонда ё навишта метавонанд, аммо дар гуфтугӯ мушкилӣ доранд. 
Дар замони муосир дар таълими забони англисӣ усулҳои репродуктивиро ба усулҳои интерактивӣ иваз намудаанд. Бинобар ин, алҳол омӯзиш ба ҳамкории мутақобилаи донишомӯзанда ва омӯзгор мубаддал ёфтааст. Барномаи таълим, пеш аз ҳама, бояд бо хусусиятҳои синну солии хонандагон тартиб дода шавад. Барои кӯдакони синни то мактабӣ ва хонандагони синфҳои поёнӣ машғулиятҳое ба монанди бозӣ, сафар, тамошои видео, ташкили озмун ва ғайра мувофиқтар аст. Донишҷӯи калонсол дарси классикиро афзалтар медонад. Барои онҳо вазифаҳои анъанавӣ низ мувофиқанд: эҷоди ҳикоя, иҷрои машқ, хондани матн, гӯш кардани аудио ва ғайра. Навиштани ҳикоя барои истифодаи дурусти луғати фаъол ва ғайрифаъол, васеъ кардани захираи луғавӣ, такмил додани нутқи гуфтугӯӣ замина фароҳам меорад. Иҷрои машқҳо ба омӯхтани донишҳои грамматикӣ ёрӣ мерасонад. Мутолиаи матн на танҳо нутқро бурро мегардонад, балки ба фарҳанг ва анъанаҳои забони омӯхташаванда ошно месозад. Гӯш кардани аудио – фаҳмиши нутқи шифоҳиро беҳтар мекунад.    
Фаромӯш набояд кард, аз ҳама усулҳои самараноки омӯзиши забони англисӣ интерактивӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳоло усули фурӯравӣ ба муҳити забон хеле маъмул аст. Ин техникаи «фикр кардан» бо забони англисиро меомӯзонад. Тибқи ин усул омӯзиши забони хориҷӣ комилан бо забони англисӣ сурат мегирад. Ин на танҳо дар оилаи дузабона, балки дар синфи муқаррарӣ низ имконпазир аст. Ба омӯзгор кофӣ аст, ки дарсро пурра бо забони англисӣ гузарад, аёниятро истифода барад. Сатҳи баланди омодагии омӯзгор имкон медиҳад, ки чунин дарс барои хурдтаракон ҳам гузаронда шавад. Агар пештар волидони кӯдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои поёнӣ аз ин усул тарсида бошанд, ҳоло бо дидани чашмони пурҳаваси кӯдакон ва пешрафти онҳо, самаранокии ин усулро дарк кардаанд. Чунки беҳтарин усули омӯзиши забони англисӣ ҳамонест, ки шавқу ҳавасро барои омӯзиш бедор мекунад.  
Бисёри омӯзгорон ин усулҳоро бо ҳам омехта карда, ҳам аз усули фурӯравӣ ба муҳити забон ва ҳам аз усули классикӣ дар кори худ истифода мебаранд. Донистани методикаи таълими забони англисӣ, психология ва педагогика ба онҳо имкон медиҳад, ки хусусиятҳои дарк ва тафаккурро муайян кунанд, усулу шаклҳои зарурии корро интихоб намоянд. Дар баробари дарси забони англисӣ, дигар шаклҳои ташкили дарсҳо низ маъмуланд: мизи гирд, консерт, маҳфили забономӯзӣ, конференсия, олимпиада ва ғайраҳо. Ин усулҳо имкон медиҳанд, ки ба муҳити забонӣ шумораи ҳарчи бештари хонандагон ҷалб карда шаванд.  Агар пештар омӯзондани забони гуфтугӯии англисӣ масъалаи матраҳ буд, пас имрӯз ҳар шахс метавонад бо забони хориҷӣ сухан бигӯяд. Танҳо бояд кӯшиши бештар ба харҷ дод. Албатта хонанда ҳар қадар калонтар бошад, кор ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Ва дар ин ҷо бисёр чиз на аз синну соли хонанда, балки аз дараҷаи ибтидоии дониш ва шавқу рағбат вобаста аст. Бинобар ин, усулҳои интерактивии омӯзиши забони англисӣ бояд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷолибу дуруст ба роҳ монда шаванд. Ин пеш аз ҳама, аз омӯзгор маҳорати баланду дониши мустаҳкамро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, омӯзгорон бояд ҳамеша аз пайи такмили донишу малакаҳои корӣ буда, дар тарбияи насли забондону зирак саҳми босазои худро гузоранд.  

Зариндухт НУРАЛИЕВА, 
омӯзгори забони англисии 
Коллеҷи информатика 
ва технологияҳои 
компютерии шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 08.02.2023 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив