ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СТУДИЯИ ТАЪЛИМИИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ДМТ ИФТИТОҲ ШУД

СТУДИЯИ ТАЪЛИМИИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ДМТ ИФТИТОҲ ШУД

21 июн 2023, Чоршанбе
10
0
Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ Телевизони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар маросими роҳандозии он Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазир, Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио, Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллӣ, журналистони шинохтаи кишвар ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд. 
 
Гуфта шуд, ки Телевизиони таълимии  ДМТ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳ роҳандозӣ шуд. Ҳадаф аз таъсиси Телевизиони таълимӣ  баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ ва омода намудани журналистон  дар соҳаи телевизион  мебошад. Дар студияи телевизион дарсҳои амалии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума доир  мешаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он донишҷӯёну устодон машғулиятҳои амалиро дар паси дастгоҳҳои навтарини сабту наворбардорӣ ва таҳияву пахши гуфтору барномаҳо баргузор менамоянд. Телевизиони таълимӣ мутобиқ ба талаботи замон бо техникаву таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Дар оянда фаъолияти он ҳамчун пояи моддиву техникӣ барои тамоми устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ хизмат менамояд. 
Изҳори итминон гардид, ки Телевизиони таълимии ДМТ дар оянда барои беҳтару хубтар намудани сифати таълиму таҳсил мусоидат хоҳад кард. Дар раванди он, ҳамчунин,  донишҷӯёни соҳибистеъдод аз дигар факултетҳои Донишгоҳ ҷалб гардида, дастоварду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро инъикос хоҳанд намуд. 
 
Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2023 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив