ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

21 июн 2023, Чоршанбе
17
0
 
Мо мактабро ҳамчун боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
 Эмомалӣ РАҲМОН  
Яке аз устодони садҳо шогирдони лаёқатманд, ки имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ саҳми сазовор мегузоранд, Ҳаким Ғуломов ба ҳисоб меравад. 
Устод Ҳаким  Ғуломов  баъди  хатми  мактаби миёна ба Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (ҳоло Донишгоҳи давлатӣ) дохил шуда, соли  1969 онро бо дипломи аъло хатм намуд, сипас ба зодгоҳаш – ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргашта, дар мактаби миёнаи №25 ба ҳайси муовини директор оид ба таълим ба кор пардохт. 
Дар маҳаллаи Навободи шаҳраки Гароутии ноҳияи Дӯстӣ, ки аксар русу ӯзбеку украину тоторҳо мезистанд, мактаби рақами 51 ба омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик эҳтиёҷ дошт. Аз сабаби он ки муассисаи таълимӣ навбунёд ва дур аз марказ буд, омӯзгорон бо ҳар баҳона аз рафтан ба ин маъвои донишу тарбия сар мепечиданд. Муаллим Ҳаким Ғуломов бо ихтиёри худ соли 1972 ин ҷо омад, то ки хонандагон бе омӯзгор намонанд.
Мавзеи Гароутӣ заминҳои доманфарохи ҳосилхези зиёд дошт, аммо аз сабаби норасоии оби полизӣ, асрҳо боз  бекор мехобиданд. Ҳукумат тавассути чандин пойгоҳи обкаш аз дарёи Вахш ба ин маҳали бедолу дарахт об баровард, деҳаҳо, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ сохта шуданд. Муаллим Ҳаким Ғуломов ба фарзандони ана ҳамин заминкушоён дарси адаб, забон ва адабиёти тоҷик омӯзонд. Бачаҳои русу туркзабон забони Абуабдуллоҳи Рӯдакиро омӯхтанд ва бо гузашти соле шогирдони фаъоли устод дар конфронсу олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, зинаҳои шоистаро соҳиб шуданд. 
Фаъолияти ташкилотчигии омӯзгори равшанзамирро ба инобат гирифта, шуъбаи маорифи ноҳия ӯро ба ҳайси директори  МТМУ №18 –и  ноҳияи Дӯстӣ таъин намуд. Хизматҳояш  сабаб шуданд, ки борҳо ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ гашта, бо нишони Аълочии маорифи Иттиҳоди Шуравӣ ва  Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардад.
Устод айни ҳол давлати пирӣ меронад, аммо аз мактаб дил накандааст, ӯ гули сари сабади коллективи омӯзгорони дилсӯзу меҳрубон буда, дар маҳфилу чорабиниҳои муассиса ширкат меварзад.
Ҳамчун зиёии нексиришту фурӯтан ҳеҷ гоҳ барои шуҳрат талош накардааст, танҳо баҳри тарбия намудани насли наврас дар руҳияи арҷ гузоштан ба Ватани биҳиштосои худ заҳмат кашидааст, қалбаш ҷавон аст ва меҳри омӯзгорию садоқати беандоза ба шогирдон намегузорад, ки дур аз боргоҳи илму маърифат бошад.
Ӯ мунтазам андешаҳои одилонаи худро дар саҳифаҳои рӯзномаҳо нашр менамояд. Мақолаҳои ӯ имрӯз хонандаи худро доранд ва навиштаҳояш ба нафъи халқу миллат ва тарбияи ҷавонон аст. Дар ҳақиқат саҳифаҳои зиндагиномаи ин марди равшанфикр рӯзгори ибратест ба ҷавонони миллати ояндасози кишвар.
 
Музаффар МУРОДОВ, 
бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Санаи нашр: 20.06.2023 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив