ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ КОРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БА РОССИЯ

САФАРИ КОРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БА РОССИЯ

21 июн 2023, Чоршанбе
13
0
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.
Чуноне аз Вазорат ба мо хабар доданд, дар ҷараёни мулоқоти роҳбари мақоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин,  ба рафти иҷрои тавофуқоти сарварони давлатҳо оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса сурат гирифт.
 
 
 
АКАДЕМИЯ. ҲАМОИШ ДАР МАВЗУИ МУҲИМ
Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мавқеи занон ва марҳилаи навин» ҳамоиши илмиву амалӣ доир намуд. 
Таъкид шуд, ки занону духтарони  ҷумҳурӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ фаъолона хизмат менамоянд. Аз ҷумла, 25 дарсади хизматчиёни давлатиро занону духтарон ташкил намуда, 20 дарсади кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувони кордон ташкил ёфтааст.
 
 
 
ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба вилояти Суғд сафар намуд. 
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич ва Зафарободро ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҷалб намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 
 
 
ТОҶИКИСТОН ВА ОЗАРБОЙҶОН.  ИМЗОИ АВВАЛИН СОЗИШНОМА ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Озарбойҷон – «Transavia express» ва «Discover Azerbaijan» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус аз Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон иттилоъ доданд. 
Таъкид шуд, ки ин аввалин созишномаи ҳамкорӣ байни ширкатҳо маҳсуб ёфта, ҳадафаш роҳандозии равобит барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, дар Боку вохӯрии намояндагони 7 ширкати сайёҳии ҷумҳурӣ бо роҳбарияти Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳо баррасӣ шуданд. 
 
 
 
РОҲИ ОҲАН. ҲАМКОРИҲО ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ  дар ҷаласаи машваратии Созмони ҳамкории роҳи оҳан (OSJD), ки дар шаҳри Пусани Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок намуд. 
Ба «Ҷумҳурият» аз КВД «Роҳи оҳани  Тоҷикистон»  хабар  доданд,  ки  дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои Созишнома дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии мусофирони роҳи оҳан ва фаъолияти Созмон дар давраи солҳои 2021–2022  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
 
 
 
МУЛОҚОТИ ГУЛНОРА ҲАСАНЗОДА БО ЕЛЕНА МУХТИЯРОВА 
Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бо муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Россия Елена Мухтиярова вохӯрд.
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки зимни мулоқот масъалаҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ,  ифтитоҳи намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди ВКД Россия дар ҷумҳурии мо, таълими касбии ба талаботи бозори меҳнати Россия ҷавобгӯ ва эҳтимоли омӯзиши онҳо аз ҷониби корфармоёни ин кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 
Санаи нашр: 21.06.2023 №: 128
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив