ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДА.  МАҲБУБИЯТИ ҶАШНИ МИЛЛӢ РӮЗАФЗУН АСТ

САДА.  МАҲБУБИЯТИ ҶАШНИ МИЛЛӢ РӮЗАФЗУН АСТ

08 феврал 2023, Чоршанбе
47
0

 Яке аз ҷашнҳои маъмули тоҷикон, ки дар гузашта бо як шукӯҳи хоcса таҷлил мегардид, ин Ҷашни Сада ба ҳисоб меравад. Сада аз шумори идҳоест, ки мутобиқ ба фасли сол ҷашн гирифта мешуд. Тоҷикон дар ҳар як фасли сол ҷашнҳои хоcсае доштанд ва бошукӯҳ таҷлил менамуданд.  Сада дар баробари Наврӯз ва Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон дорои таърихи куҳан мебошад. Ин идҳои миллии тоҷикон хоси ягон дину оин нестанд ва дар ҳар давру замон дар сатҳи намоён таҷлил мегардиданд. 
Пайдоиши Ҷашни Сада ба замони ба даст овардани оташ рост меояд. Подшоҳи пешдодӣ – Ҳушанги додвар рӯзе бо ҷамъи ёрони худ аз миёни кӯҳи бузурге боло мерафтанд, ки ногаҳон мори сиёҳе дар рӯбарӯяшон пайдо мешавад. Ҳушанг санге бардошта сӯи мор ҳаво дод. Мор худро канор гирифту санг бошиддат ба тахтасанге бархӯрду аз он оташак ҷаҳид. Хору хошоки атроф шуълавар шуда, оташ густариш ёфт. Мор гурехт, аммо оташи рӯшноиовару гармибахш дар ҷой монд. Ҳушанг машъале сохта, онро дар миёни халқ монд. Бо дастури ӯ оташкадае сохтанд ва Ҷашни Сада таъсис ёфт, ки 50 рӯзу 50 шаб пеш аз Ҷашни Наврӯз (30,31 январ тибқи солшумории милодӣ) таҷлил мегардад. Оташро инсон кашф накардааст, онро ба даст овардааст.   Оташ рӯшноӣ буд, кори онҳоро осон менамуд. Аслан, оташпараст гуфтани гузаштагони мо ва нораво хондани таҷлили ин ҷашн хатои маҳз аст. Гузаштагони мо оташро дастоварди бузург меҳисобиданд, онро пос медоштанд, оташкадаҳо бунёд мекарданд, то хомӯш нашавад. Зеро хомӯшӣ монанди зулмот буд. 
Сада то асрҳои XII-XII, яъне то истилои муғул, роиҷ буд ва дар асри XXI дар Тоҷикистон он аз нав эҳё гардид. Ин ҷашн ба истиқболи баҳор буд, ба хотири гузаштани сардиҳо ва сармо, омадани гармиҳо ва рӯшноӣ таҷлил мешуд. Оташ дар он нақши асосиро мебозид, яъне дур кардани ҳама сардиву зулмоту ғам ва пешвози ҳама хубиҳо...
Гулхан бифурӯзед, ки Ҷашни Сада омад,
Чун хушхабари дур ба зулматкада омад.
Дирӯз агар хору хасе садди раҳаш буд
Инак, ҳамаро яксара оташзада омад!
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ин Ҷашн чорабиниҳои калоне доир мегардад ва пешниҳоди дарахтон, асбобу анҷоми рӯзгор, гулхан оростан ва хушҳолӣ намудан расм шудааст. Яхобмонӣ низ ба замин самараи хубе дорад. Сада идест, ки аҳамияти худро аз даст намедиҳад ва дар назар аст, ки дар баробари Наврӯзи оламафрӯз, Меҳргону Сада низ, ҷаҳонӣ гарданд.

Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ, таърихшинос

Санаи нашр: 08.02.2023 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив