ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МТС. ОМӮЗГОР НАМЕРАСАД. ЧӢ БОЯД КАРД?

МТС. ОМӮЗГОР НАМЕРАСАД. ЧӢ БОЯД КАРД?

21 июн 2023, Чоршанбе
44
0
 
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи нарасидани кадрҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба таври ҷиддӣ ва ҳамаҷиҳата таҳлилу баррасӣ гардид. Мавзуи мизи гирд низ “Вазъи таъминоти кадрӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ” ном дошт. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорон ширкат варзиданд.
Ҳоло дар ин матлаби мухтасар таваққуф ва таваҷҷуҳи мо бештар ба соҳаи маориф равона мешавад, ки аз соҳаҳои калидии ҷомеаи мост.
Имрӯзҳо мушкилоти ҷиддие, ки ба сатҳу сифати дониши хонандагон таъсири манфӣ мерасонад, норасоии омӯзгорони баландихтисоси касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нарасидани ҷойҳои нишаст барои хонандагон мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи муассисаҳои таълимӣ дар кишвар сол ба сол зиёд мегардад, аммо афзоиши аҳолӣ низ, тақозо мекунад, то ҷойҳои нишаст дар синфхонаҳо ва муассисаҳои нав сохта шаванд. Соли таҳсили 2022-2023 шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 3967 адад расид. Дар ин муассисаҳо 2 миллиону 232 114 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон то охири соли гузашта 125968 нафар мебошад. 
Дар баробари зиёд шудани шумораи аҳолӣ, ҳамчунин, кам шудани шумораи омӯзгорон ба назар мерасад ва ин, аллакай, натиҷаи манфии худро ошкор мекунад. Мувофиқи санҷишҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то ҳол масъалаи мазкур роҳи ҳалли худро наёфтааст. 
Ба ҳолати якуми октябри соли 2022 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 3539 омӯзгор намерасид. Аз ин шумора, ба вилоятҳои Хатлон 1777, Суғд 647, ВМКБ 67, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 815, шаҳри Душанбе 59 ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ 174 омӯзгор рост меояд.
Агар ба омор назар кунем, тайи се соли охир дар муассисаҳои таълимии кишвар 4117 омӯзгор кам гардидааст. Ин масъала боз чанд муаммои хурду бузургро ба бор оварда, ки инҳоянд: нахуст, ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудани донишҷӯён, афзудани сафи омӯзгорони ғайриихтисосу ғайрифаннӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи донишазхудкунии хонандагон. 
Ба иттилои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, соли таҳсили 2022-2023 шумораи донишҷӯёне, ки ҳамчун омӯзгор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, 1814 кас аст. Инчунин, 6444 омӯзгори ғайриихтисоси фаннӣ ва 1204 омӯзгори ғайриихтисос фаъолияти педагогӣ бурда истодааст.
– Ҳавасмандии ҷавонон нисбат ба касби омӯзгорӣ кам аст. Аз ин рӯ, барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии мамлакат бояд бо ҳар восита кадрҳои ботаҷрибаи соҳаро ҳавасманд гардонда, пайдарпай аз кор рафтани онҳоро коҳиш диҳад, зеро тарбияи насли наврас маҳз аз омӯзгори ботаҷриба вобаста аст, – гуфт Марҳамат Назирова, номзади илмҳои сотсиологӣ, муовини сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки яке аз мушкилоти дигари муассисаҳои таълимӣ нарасидани ҷойҳои нишаст мебошад. Бавижа, дар зинаи аввали таҳсилот сарбории омӯзгорон аз ҳисоби хонандагон зиёд аст. Ин бевосита ба сифати таълим ва маърифатнокии наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. 
Мутахассисони соҳа тазаккур доданд, ки айни ҳол дар шароити шаҳрҳои нисбатан пешрафтаи кишвар, ки зичии аҳолӣ зиёд аст, дар як синф аз 35 то 45 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳол он ки тибқи меъёр бояд, дар як синф 25 хонанда таълим дода шавад, чунки 45 дақиқае, ки барои ҳар як фан ҷудо мегардад, барои таълими 25 хонанда ҳам гоҳо намерасад. Ғайр аз ин, худи омӯзгор низ, дар вақти аз меъёр зиёд будани хонанда хастагӣ эҳсос намуда, ба онҳо якхел муносибат намекунад ва ин боиси руҳафтодагии толибилм гардида, барномаи таълимиро аз худ карда наметавонад.
Тавре аз таҳлилу баррасии мутахассисони соҳа дар мизи гирд бармеояд, барои ҳавасмандии омӯзгорон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар бояд чораҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд. 
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.06.2023 №: 128
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив