ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОИНАИ ПОКУ БЕҒУБОР

ОИНАИ ПОКУ БЕҒУБОР

21 июн 2023, Чоршанбе
23
0
 
Зан офарандаи зиндагӣ ва чароғи хонадон мебошад. Бузургон гуфтаанд: «Ҳеҷ кас дар зиндагонии худ наметавонад муҳаббате амиқтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ дарёбад». Модар аз меҳри рӯзафзуни худ шири сафед ба тифл медиҳаду шабҳои дароз бо аллаҳои нотакрор сиёҳии мӯйи шабгунашро ба шаб дода, бо чашм субҳро мехонад. Модари тоҷик оинаи поку беғубори миллат ва давлат аст. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад».
Зан симои барҷастаи ҳаёт ва неруи тавонои он буда, бо муҳаббату самимият, меҳнату хайрхоҳии худ чун Офтоб ҳамеша дар пеши назар аст. Дили ӯ дунёи ишқу муҳаббат ва лабрез аз накуҳиҳост. Занро беҳтарин офаридаи худовандӣ мегӯянд. Ғамхорӣ дар ҳаққи занон аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ба арсаи сиёсӣ ҷалб намудани онҳо боиси таҳсин буда, дар як муддати кӯтоҳ дар ин самт занон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Бале, бисёре аз бонувони имрӯзаи мо дар пайи солимии оилаи худ ҳастанд. Як бону худро узви фаъол ё як тан зан аз шумораи миллионҳо занони сайёра меҳисобад. Акнун зан соҳиби давлату миллат аст ва пуштибони худро низ дорад.
Дили модар чашмаи муҳаббатест, ки меҳри фарзанд дар он ҳамеша ҷӯш мезанад. Хидмати модар ҳамто надорад. Маҳз дуои сабзи модар аст, ки мо ба ин рӯзҳо расидаем. Аз ин назар, моро зарур аст, ки пайваста дар хидмати модар бошем ва дар ризояти ӯ бикӯшем. Осудагии модарро осудагии хеш, хушбахтии ӯро хушбахтии худ донем.
Модарон арзандаи эҳтирому дӯстдорианд, зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиру дилсӯз мебошанд. Барои фарзандон канори модар мактаби аввалини ҳаёт аст. Инсон баъди раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар арзиши ӯро хуб дарк мекунад. 
Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаҳои модарон ибтидо гирифта, бо номи онҳо анҷом меёбад. Ҳар фарзанде, ки ҷойгоҳи модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.
Имрӯз бонувони мо хеле пешсафу фидокор, донишманду босубот, хирадманду фазилатпеша ва дилбанду меҳрубон ҳастанд. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Ин офаридаи зебои Худо барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷуди рӯи олам аст. 
Бузургии модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст. Меҳри беҳамтои модар ба мисли Хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки ӯ ба мисли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Албатта, арҷгузории баланд ба Зан-Модари тоҷик бе замина нест, зеро ӯст, ки бузургону нобиғагони зиёдро ба олам додааст, яъне саҳми бузурге дар тарбияту камолоти онҳо ва бад-ин восита дар маънавиёти башар гузоштааст. 
Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад. 
Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар аст, ки бонувон ба чунин дастовардҳои бемисл сазовор шуданд. Бинобар ин, бонувонро мебояд, ки ба қадри ҳамаи ғамхориҳои Пешвои миллат расида, минбаъд низ, дар рушди босуботи кишвар саҳми арзанда гузоранд. 
 
Орифҷон ОЛИМЗОДА, сардори бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб
Санаи нашр: 21.06.2023 №: 128
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив