ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

23 июн 2023, Ҷумъа
40
0
 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙНВОРДИ ВАҲДАТ
1. Соли ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ. 2. Миллати соҳибфарҳанг ва тамадунофар. 3. Гузаргоҳи сарҳадӣ дар кишвар. 4. Калонтарин дарёи олам. 5. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ  аз  Тоҷикистон. 6. Маҷмаи ёдгории «Ваҳдат эҳёи миллии Тоҷикистон» дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт. 7. Машқи варзишгарон. 8. Собиқ ноҳияи Дарбанд. 9. Қаҳрамони халқи тоҷик. 10. Қошуқ. 11. Муассисаи давлатии нашриявӣ. 12. Савдогар, тоҷир. 13. «Маоши пиронсолон». 14. Бонки мардумӣ дар кишвар. 15. Яке аз шаҳрҳои   Осиёи Миёна, ки соли 1995 маркази вохӯрии байни тоҷикон гардида буд. 16. Ноҳия дар вилояти Хатлон. 17. Бачаи хурд. 18. Нозук, хушрӯ. 19. Пешхизмат. 20. Осоишгоҳ дар Тоҷикистон. 21. Дархост, хоҳиш. 22. Ҳуҷҷати расмии истиқрори сулҳ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расонда шуд. 23. Яке аз бародаршаҳрҳои Душанбе. 24. Тамоман кам. 25. Яке аз қуллаҳои баланди Тоҷикистон.
 
Мураттиб Нуралишо СУЛАЙМОНШОЕВ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон
 
Масъули рубрика 
Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
60000  ҶОЙИ НИШАСТ
 
АРАБИСТОНИ САУДӢ БО ЧУНИН ИҚТИДОР КИШТӢ МЕСОЗАД
 
Арабистони Саудӣ нақша дорад, киштии бузургеро бо арзиши 8 миллиард доллари амрикоӣ дар шакли сангпушт бисозад. Киштӣ метавонад дар як вақт бо беш аз 60000 нафар дар обҳои баҳрӣ шино кунад. Муҳаррики он тавассути мавҷи об ва неруи Офтоб ҳаракат хоҳад кард. Дар киштӣ мағозаву марказҳои савдо, клубу дигар воситаҳои маишӣ пешбинӣ шудаанд. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
ДЕНЗЕЛ ВАШИНГТОН
БУЗУРГТАРИН ҲУНАРМАНДИ АСРИ XXI
Ҳунарманди амрикоӣ Дензел Ҳэйс Вашингтони хурдӣ аз маъруфтарин чеҳраҳои олам шинохта мешавад. Ӯ на танҳо дар иҷрои нақши қаҳрамонҳои мусбат, балки манфӣ низ мумтоз мебошад ва ҳамин аст, ки кулли мунаққидони синамои олам ба маҳораташ баҳои баланд медиҳанд.
Тайи фаъолияти чилсолаи пурмаҳсулаш Дензел Вашингтон бо мукофотҳои зиёд, аз ҷумла ду ҷоизаи Академияи санъат ва илми кинематографияи ИМА – «Оскар» (соли 1990 барои беҳтарин иҷрои нақши дувумдараҷаи мардона дар филми «Шараф» ва соли 2002 барои беҳтарин иҷрои нақши асосии мардона дар филми «Ибрат»), се ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ», ду ҷоизаи «Хирси нуқрагӣ», ҷоизаи Гилдияи ҳунармандони синамои ИМА, сазовор гардидааст.  
Соли 2020 рӯзномаи The New York Times (ИМА) Дензел Вашингтонро бузургтарин ҳунарманди асри XXI эълом дошт. Соли 2022 бошад, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден ба ӯ яке аз ду мукофоти олии ИМА – Медали президентии озодиро тақдим намуд. 
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИРОВ
 
 
 
«КӮЗАИ ВАҲДАТ»
 
Соли 1999 бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат» ташкил шуд, ки ба ҳайати он 240 нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардиданд. Аҳли корвон ҳангоми боздид аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон як кафӣ хок ҷамъ оварда, ба ихтиёри ҳунармандони шаҳри Исфара супурд. Аҳли ҳунар аз ин хок кӯзаи мунаққаше сохта, ба таври рамзӣ онро «Кӯзаи ваҳдат» номиданд.
«Кӯзаи ваҳдат»-ро дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.
Сарвари давлат «Кӯзаи ваҳдат»-ро қабул намуда, чунин изҳор доштанд: «Ин кӯза аз хок нест, аз зар аст! Зеро, ки ҳар каф хоки Тоҷикистон худ зар аст!»
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
КОРРУПСИЯ КАЙ АЗ БАЙН МЕРАВАД?
Диалог дар Одесса 
– Моня, шумо бовар доред, ки коррупсия ниҳоят аз байн меравад?
–  Бовар дорам, Сёма! Вале як савол маро торафт ташвиши бештар медиҳад: вақте нав мубориза бо коррупсия оғоз шуда буд, чиновник ҳамагӣ 1000 доллар ҳақ дошт. Имрӯз дар авҷи мубориза мансабдорон аз 5000 кам намегиранд, ҳайронам барои пурра аз байн бурдани коррупсия чӣ миқдор доллар додан лозим бошад?!   
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ЭКОЛОГИЯ ДАР ДАЛЕЛУ РАҚАМҲО
УҚЁНУСҲОИ ҶАҲОНӢ
Аз соли 2000-ум сатҳи ишқорнокии оби уқёнусҳо, тақрибан, 10 баробар боло рафтааст. Ҳамасола ба уқёнусҳои Атлас зиёда аз 30 ва Ором 9 млн тонна партов мерезад.  Партови асосӣ нафт ба шумор меравад. Рӯйи оби аксари уқёнусу баҳрҳоро плёнкаи махсусе пӯшондааст, ки воридшавии оксигенро  мушкил мекунад. Дар натиҷа, олами набототу ҳайвоноти баҳрӣ бошиддат аз байн рафта истодаанд. Экологҳо ҳадс мезананд, ки дар сурати чунин идома ёфтани кор пас аз 40-50 сол маҳсулоти баҳрӣ камёб мегардад. 
Ҳатто дар уқёнуси Ором ҷазираи сунъие кашф шуд, ки аз партовҳои пластикӣ ба вуҷуд омадааст. Он 8-9 дарсади масоҳати уқёнусро дар бар мегираду массаи ин «континенти сунъӣ» беш аз 110 млн тоннаро ташкил медиҳад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки 80 дарсади партовҳо аз қисмати хушкӣ ворид мешавад, 20 дарсади боқимонда ба нақлиёти обӣ тааллуқ дорад. 
Таҳияи М. ТАБАРӢ
 
 
 
 
ХУРДТАРИН МАКТАБҲОИ ҶАҲОН
4. ДАР ФУТСЗЯН ЯК МАКТАБ БАРОИ ЯК ХОНАНДА АМАЛ МЕКУНАД
Сарфи назар аз афзоиши аҳолии Чин, дар кишвар мактабҳои хурд зиёданд. Яке аз онҳо дар деҳаи кӯҳии Дасу, музофоти Футсзян ҷойгир аст. Вақте ки мактаб кушода шуд, шумораи хонандагони он беш аз чорсад нафар буд. Аммо дар солҳои 90-ум мардум ба таври оммавӣ хонаҳои деҳоти худро тарк карда, ба шаҳр рафтанд. Вале мактаб дари худро ба рӯи хонандагон, ки 10 нафар буданд боз нигоҳ дошт. Соли таҳсили 1999-2000 хонандаи мактаб як нафар буд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
ЗИНДОНҲОИ  ТАРБИЯТГАР
 
ВИРУ
ЗИНДОНЕ, КИ МАҲБУСОНРО БА РУХСАТӢ МЕФИРИСТАД
Ин маҳбас бо харҷи 120 миллион доллар дар Эстония сохта шуда, аз соли 2006 фаъолият мекунад. Он ба маҷмааи замонавие монанд аст, ки ҳамаи 14 бинояш бо долонҳои пӯшидаи баланд ба ҳам пайвастанд. Ба хотири таъмини амният дар ҳудуди зиндон дастгоҳҳои назорати электронӣ насб шудаанд, ки имкон медиҳад аз неруи посбонҳо камтар истифода шавад. Дар доираи корҳои ислоҳӣ барои маҳбусон шароити хуб фароҳам гардида, ба риояи ҳуқуқашон эҳтиром гузошта мешавад, то худро аз олами ҷиноятӣ раҳо созанд.
Ҳар як маҳбус метавонад аз тамошои телевизион бархӯрдор бошад ва дар сурати рафтори хуб нишон додан, дар як сол 21 рӯз ба рухсатӣ фиристода мешавад. 
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
 
 
 
 
СУХАНОНИ  КӮТОҲ
Вақт хеле қимат аст, онро барои корҳои қимат бояд сарф кард.
***
Марди асил на аз марги ҷисм, балки аз марги дил метарсад.
***
Бигзор аз сари кӯҳ поин биафтӣ, вале ҳаргиз худро назди дигарон залилу хор макун.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
МӮД. КАТЕГОРИЯИ МАХСУСИ ЭСТЕТИКӢ
 Ё ТАРЗИ ЗИНДАГӢ
* Аввалин маҷаллаи мӯд бо номи “Китоби аслии либос” соли 1586 дар Олмон пайдо шуд. Онро муҳосиб Матео Шварс таъсис додааст. 
* Чор маводи маъмултарини либос ин катон, пахта, полиэстер ва вискоза мебошад. Матои пахтагӣ дар тули зиёда аз 7000 сол барои либос истифода мешавад.
* Калимаи “ҷинс” истилоҳи маҳаллии маллоҳони Генуя буда, маънои “шими пахтагин”-ро дорад. 
* Китоби рекордҳои Гиннесс “Gucci”-ро истеҳсолкунандаи гаронтарин шимҳои ҷинси ҷаҳон номбар кардааст. Ҷинси Gucci Genius 3134 доллар арзиш дорад.
 
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
 
 
ЧӢ ХЕЛ БАРФ ПИРЯХ МЕШАВАД?
Пиряхҳо дар рӯйи Замин ҳангоми сардиҳои тулонӣ, вақте ки ҷамъшавии зиёди барф (майдони барфӣ) сурат мегирад ва дар давраи тобистон камтар об мешаванд, ба вуҷуд меоянд. Барф тадриҷан фишурда, кристалл мешавад ва дар натиҷа ба ях мубаддал мегардад. Чор намуди асосии пиряхҳо мавҷуданд: яхбандҳои континенталӣ, яхбандӣ, пиряхҳои водӣ (алпӣ) ва пиряхҳои доманакӯҳӣ. Мувофиқи маълумоти Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳо дар масоҳати 8476 км2 доман паҳн карда, ҳаҷми умумии ҳамаи пиряхҳо 567 километри мукаабро ташкил медиҳад. 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
200 БОЗӢ   
РЕКОРДИ НАВИ РОНАЛДУ ДАР ҶАҲОН
Криштиану Роналдуи 38-сола таърихсозиро идома медиҳад. Ӯ дар вохӯрӣ бо Исландия (даври 4-уми марҳилаи интихобии Чепионати Аврупо-2024) аввалин футболбози ҷаҳон гашт, ки 200 бозӣ (19 солу 304 рӯз) дар ҳайати тими миллӣ анҷом додааст. Ба ин муносибат, пеш аз оғози нерусанҷӣ дар варзишгоҳи «Лёйгарталсвётлюр»-и шаҳри Рейкявик як маросими вижае сурат гирифт ва Роналду соҳиби шаҳодатномаи Китоби рекордҳои Гиннесс гардид. 
Зимнан, бояд гуфт, ки дар ин қувваозмоӣ мунтахаби Португалия бо голи ягонаи Роналду бар Исландия ғолиб омад.
Роналду аз соли 2003 дар тими Португалия ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин муддат футболбоз дар ҳайати тими миллии кишвараш 200 бозӣ анҷом дода, 123 гол задааст. Ҳар ду нишондод рекорди ҷаҳонист. 
Таҳияи М. БАҲРОМ
 
 
НАЙҚАЛАМ
БОЗЁФТИ НОДИРЕ ДАР БАДАХШОН
Ҳангоми ковишҳои археологӣ, ки чанд сол қабл дар Бадахшон гузаронда шуд, лавозимоти хатнависӣ, аз ҷумла сиёҳидони гилин, худкори (авторучка) найин ёфт гардид. Тибқи хулосаи бостоншиносон, дар дохили най найчаи шишагине ҷойгир буд, ки он ба сифати рангдон хидмат мекард.
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ
 
 
14 МИЛЛИОН ДОЛЛАР
НАРХИ РЕКОРДИИ РАҚАМИ МОШИН 
ДАР АМА
Як сокини Амороти Муттаҳидаи Араб рақами қайди давлатии мошинашро бо арзиши 14 миллион доллари ИМА харид, ки танҳо аз як рақам - “1” иборат аст. Нархи рақами мошин ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид гардида, маблағи аз фурӯши он бадастомада барои сохтмони маркази тиббӣ равона шудааст. 
Таҳияи Қурбонбибӣ  
ХОЛНАЗАРОВА
 
 
 
АМАЛҲОИ ҲАЙРАТОВАР  ДАР ВАРЗИШ
ДЗЮДО
Чӣ гуна ду паҳлавони ҳамвазн дар як рақобат чемпиони ҷаҳон шуд? 
Зӯрозмоии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо-2023 (Доҳа, Қатар) миёни сангинвазнҳо, ки дар он Инал Тасоеви россиягӣ бо султони дзюдо –  Тедди Ринери фаронсавӣ (секарата қаҳрамони олимпӣ ва ёздаҳкарат чемпиони ҷаҳон) неру санҷид, бо сабаби иштибоҳи дағали доварон аз хотири ҳаводорон зудуда намешавад.
Ҳангоми рақобат дар вақти асосӣ ғолиб муайян нагашт. Дар вақти тиллоӣ, ки то лаҳзаи гирифтани хол идома дошт, Тасоев як амали имтиёзовар анҷом дод, вале доварон ҳисоб накарданд. Пас аз чанд сония Ринер бо як партофт чемпиони 12-каратаи ҷаҳон шуд. Иштибоҳи ҳакамон миёни мухлисони дзюдо сару садои зиёдро ба бор овард. 
Вокуниши мухлисон, аз ҷумла Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сабаб гашт, ки Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) қувваозмоиро аз нав мавриди таҳлил қарор диҳад. Ҳамин тавр, IJF  иштибоҳашро эътироф кард ва аз Тасоев узр хост. Гузашта аз ин, баъди таҳлили дақиқи коршиносон IJF ҳар ду варзишгарро чемпиони ҷаҳон эълон кард, ки як амри бесобиқа дар таърихи дзюдо буд. 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
540 кг ВАЗНИ ЯК БОНУ
Кэрол Йегери амрикоӣ ҳамчун фарбеҳтарин зан дар таърих буда,  вазнаш 544 килограмм, қадаш 170 сантиметр буд. Вай дар синни 20-солагӣ чунон қавӣ шуд, ки пойҳояш ба вазни азимаш дигар тоб наоварданд. Ӯ дар як сол тақрибан 8-10 маротиба дар беморхона бистарӣ мешуд. Духтурон барои табобат ва гузарондани вай ба ҷойи дигар дастгоҳи махсус талаб мекарданд, то ҷисми вазнинашро интиқол диҳанд.
Давраҳои зиёди табобат барои коҳиш додани вазн ба Кэрол камасар буд ва ниҳоят соли 1994 дар синни 34-солагӣ бо вазни 540 килограмм дунёро тарк кард.
Таҳияи  З. РАҶАБ
 
 
«PLAZA ATHENЕE»
НИГИНЕ ДАР МАЙДОНИ ЕЛИСЕЙ Ё МЕҲМОНХОНАЕ БО НАРХИ ДАНДОНШИКАН
Ин меҳмонхонаи люкси Фаронса на танҳо бо таърихи беш аз 100-сола ва меъмории классикӣ, балки бо исми беҳтарин шахсони фарҳангии ҷаҳон, ки дар он зиставу эҷод кардаанд, машҳур аст. Тарҳи он аз ҷониби меъмори шинохта Шарл Лефевр пешниҳод гардида, нигине дар майдони Елисейи Париж ба ҳисоб меравад. 
Ҳар субҳ ба мизоҷони меҳмонхона ба ғайр аз маводи зарурати аввалия дастаи гул ва рӯзномаҳои навтарин дода мешавад. Нархи он барои як шабонарӯз аз 31000 то 130000 сомониро ташкил медиҳад. 
 Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ТУХМИ ОДАМ НАМЕМОНАД
Профессор оид ба фасод маъруза хонда, дар охир зикр мекунад, ки барои аз байн бурдани коррупсия ҷазоҳо бояд бениҳоят сангин бошанд:
–  Барои мисол мегӯяд ӯ, –  дар Чин фасодкорро рӯи рост мепарронанд.
Сидиров аз пушти парта ба гӯши ҳамкурсаш мегӯяд:
–  Ин мӯйсафед ақлашро хӯрдааст, хитоиҳо 1,5 миллиарданд. Агар мо сарамонро ба сари онҳо монем, дар се моҳ тухми одам намемонад. 
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
СЕРХОНАНДАТАРИН РӮЗНОМАҲОИ ҶАҲОН
«GUARDIAN»
Ин рӯзномаи миллии рӯзмарраест, ки дар Британияи Кабир нашр мешавад. Қаблан он «Manchester Guardian” номида мешуд ва аз тарафи ширкати соҳибкор Ҷон Эдвард Тейлор соли 1821 таъсис ёфт. Рӯзнома як бахши «Guardian Media Group» буд ва алҳол ба «Scott Trust Limited» мансуб аст. 
Теъдоди миёнаи нашри ҳафтаинаи «Guardian» 204222 ададро ташкил медиҳад. Соли 2012 интернет- нашрияи рӯзнома дар миёни хонандагони онлайнӣ мақоми панҷумро ишғол намуд. Рӯзнома унвони Газетаи миллиро чор бор – 1999, 2005, 2010 ва 2013 ба даст овардаст. Ғайр аз ин, соли 2006 он ҷоизаи беҳтарин дизайни рӯзномаҳои дунёро дарёфт намуда буд.  
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
Санаи нашр: 23.06.2023 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив