ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРЧАШМАИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

САРЧАШМАИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

24 июн 2023, Шанбе
33
0
  
Дар шароити таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, мисли экстремизму терроризм ва хатарҳои нави раванди ҷаҳонишавӣ, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили меҳварии рушду устувории ҷомеа, ҳифзи амнияти аҳолӣ ва таъмини зиндагии шоистаю сазовори шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи он давоми 26 соли охир аз зиракии сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон, заҳмату талошҳои шабонарӯзии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташаббусу тадбирҳои саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳанд. Ҳодисаҳои нигаронкунандаи солҳои охири ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан вазъи кунунии Афғонистон ва Украина, бори дигар арзишмандии ваҳдати миллиро дар суботи сиёсии давлат ва амнияти ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон собит мегардонанд. 
Дар шароити кунунӣ, махсусан таҳдиду хатарҳои муосир, масъалаи аз ҳама муҳим барои Тоҷикистон ҳифз, нигоҳдошт ва таҳкими ваҳдати миллӣ, амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Имрӯзҳо мушоҳида мешавад,  ки хоинону бадхоҳони давлату миллати мо – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд. Хоинону фурӯхташудаҳои миллат дар дохил ва хориҷи кишварамон барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ бо ҳар роҳ, махсусан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз эҳсосоти динии аҳолӣ суиистифода намуда, баъзе ҷавонони гумроҳро мағзшӯӣ намуда, ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мекашанд ва, бо ин восита, сулҳу ваҳдати миллиро барҳам задан мехоҳанд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки миллати мо дигар ҳеҷ гоҳ ба доми фиребу найранги хоинони Ватан гирифтор намешавад ва аз мақсадҳои муғризонаю нопоки гурӯҳҳои манфиатҷӯву мансабхоҳ огоҳӣ дорад.
Айни замон ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дарк намудааст, ки танҳо дар шароити ваҳдати миллӣ самаранок фаъолият карда, талаботи моддию маънавии хешро қонеъ гардонда метавонад. 
Маҳз дар шароити ваҳдату ягонагӣ шаҳрвандон озоду осуда зиндагӣ мекунанд, худро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ва миллат мешиносанд, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳо ташаккул меёбад. Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванд заминаи зиндагии шоиста ва сазовор, шароити мусоиди худмуайянкунӣ ва худтатбиқнамоӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, дар ваҳдати гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ-этникии минтақаҳои гуногуни кишвар ифода меёбад. Муваффақият ва тақвияти ваҳдати миллӣ ба фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои ошкор намудани неру ва сармояи инсонӣ, баробарҳуқуқӣ, қонуният, татбиқи ҳуқуқу озодиҳо ва баробар иҷро намудани уҳдадориҳо ва имкониятҳои баробари рушди шахсият вобастагӣ дорад. 
Ваҳдати миллӣ муқаддасотест, ки бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда шавад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, вазифадор аст, ки ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ, муҳимтарин омилу шароити пешрафти шахсӣ ва рушди босуботи ҷомеа  ҳимоят намояд, дар ободии Ватан саҳми худро гузорад.
Барои ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон саҳмгузор бошад, насли ҷавонро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват намояд. Бояд номи ҳар нафаре, ки барои барқарор шудани ваҳдати миллӣ ва фарорасии ин рӯзҳои неку осуда ҷони худро қурбон намудаанд, абадан дар саҳифаи таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин навишта шавад. Мо бояд ба қадри ободӣ, оромию осудагӣ ва сулҳу ваҳдати Тоҷикистони имрӯза расем ва шукрона намоем.
 
Маҳмадшоҳ ДАВЛАТЗОДА, раиси ноҳияи Сангвор

 

Санаи нашр: 24.06.2023 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив