ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҲДАТ ВА ТАНТАНАИ АДОЛАТ

ВАҲДАТ ВА ТАНТАНАИ АДОЛАТ

24 июн 2023, Шанбе
17
0
 
Бисту шаш сол қабл, 27 июни соли 1997, баъди музокироти тулонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
 
Расидан ба ваҳдати миллӣ дар мамлакат масъалаҳои муҳими давлатиро ба миён гузошт, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлол ҳалли онҳо дар мадди аввал меистод. Муҳимтар аз ҳама, ин барқарор намудани ҳаёти осоишта, ба ҳам овардани мардум, қонунсолорӣ ва тантанаи адолат буд. 
Дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазири Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар ба марҳалаи рушд ворид шуд ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид. Дар баробари дигар соҳаҳо фаъолияти ҳокимияти судӣ низ, дар ин давра таҳким ёфт.
Ин тадбирҳо имкон доданд, ки ислоҳоти сиёсиву конститутсиони оғоз гардида, низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судӣ ташкил гардад, қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, яъне волоияти қонун дар ҷомеа таъмин шавад.
Татбиқи  адолати  судӣ  яке  аз роҳҳои  боэътимоди эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Давлати ҳуқуқбунёд рӯи усули волоияти қонун, ҳуқуқу уҳдадориҳои давлат дар назди ҷомеа, равобити мутақобилаи шахс ва давлат устувор аст. Аз ин рӯ, маҳз ҳокимияти судӣ он неруе эътироф шудааст, ки таъмини ин ҳама усулро бар уҳда дорад. 
Ба ибораи дигар ҳокимияти судӣ таъминкунандаи роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошад, зеро мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёдро наметавон бидуни таъмини  адолат, инсоф ва озодиву баробарӣ тасаввур кард.
Қобили зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  нақши мақомоти судӣ ҷиҳати таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои  шаҳрвандон таваҷҷуҳи  хосса зоҳир  намуда, 14 апрели соли 1997 Фармон “Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба имзо расондаанд. Маҳз бо имзо гардидани санади мазкур ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. 
Ислоҳоти конститутсионии соли 2003 мавқеи ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳоро тақвият бахшид. Гузашта аз ин, барои баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ ва рушду такомули минбаъдаи он пайваста тадбирандешӣ гардида, Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ дар солҳои 2006, 2009, 2010, 2014 ва 2018 қабул намудани барномаҳои ислоҳотии судӣ-ҳуқуқиро ба мақсад мувофиқ донистанд. Дар ин замина, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007 – 2010, 2011 – 2013, 2015 – 2017 ва 2019 – 2021 омода ва қабул шуд. 
Барномаҳои мазкур барои такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили низоми қонунгузории амалкунанда, ташкили сохторҳои  нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз-судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои  соҳавӣ аҳамияти бағоят муҳим дошт. 
Бояд гуфт, ки дар низоми судии кишвар судҳои иқтисодӣ мавқеи махсусро касб мекунанд. Мақсади асосии судҳои иқтисодӣ, устуворгардонии қонуният ва адолат дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмини фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд мебошад. 
Боиси хушнудист, ки имрӯз дар кишвари азизамон – Тоҷикистон амнияти миллӣ ва сулҳу субот ҳукумфармост ва мардуми шарифи тоҷик самараи ваҳдати миллиро бо чашми худ дида истодааст. Лиҳозо, ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад. Хусусан, дар шароити ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба дасисаву фиреби ҳар гуна неруҳои манфиатхоҳи бегона гирифтор нагардем ва ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ҳамчун омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеаро дар зеҳну шуури ҳар як шахс тақвият диҳем.
 
Рустам МИРЗОЗОДА,
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 24.06.2023 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив