ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти вазир бо сафири Туркия

Мулоқоти вазир бо сафири Туркия

08 феврал 2023, Чоршанбе
51
0

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷарро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода низ иштирок намуд.
Ба иттилои вазорат, зимни мулоқот омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сафарбар намудани гурӯҳи ҳирфаии ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи мазкур, инчунин, расондани ёрии башардӯстона иборат аз маводи аввалияи зарурӣ иброз гардид.
Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Туркия барои тамоси доимӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Каҳраманмараш, Ҳатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд, телефонҳои шабонарӯзиро фаъол намудаанд.


Тоҷикистон ба Туркия 50 наҷотдиҳанда мефиристад
Бар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кумак дар рафъи пайомадҳои заминларза дар Туркия 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия фиристода хоҳанд шуд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд. 
Гуфта мешавад, ки ҳамаи ин 50 нафар касоне мебошанд, ки дар корҳои садамавию наҷот омӯзиш дида, таҷрибаву  малакаҳои заруриро доро мебошанд. Дар ин ҳайат мутахассисони баландихтисос, духтур-ҷарроҳ ва травматологи соҳибтахассус шомил гаштаанд. Ҳамроҳ бо дастаи имдодгарон, ҳамчунин, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии башардӯстонаи ашёи ниёзи аввал низ фиристода хоҳад шуд.


Раиси вилояти Хатлон кадрҳои навтаъинро ба ҳузур пазируфт
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кадрҳои навтаъини шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба ҳузур пазируфт, – хабар дод шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.
Гуфта мешавад, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, Носири Хусрав, Хуросон, Шамсиддин Шоҳин, Шаҳритус, Восеъ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун таъин гардиданд.
Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки кадрҳои навтаъиншуда бояд барои ба боварии Роҳбари давлат ва мардум сазовор будан ва иҷрои саривақтии вазифаву уҳдадориҳо, дастуру супоришҳо тамоми донишу маҳорати худро истифода намоянд.
Таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии насли наврас аз  гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ташкили вохӯриҳои иттилоотӣ ва мусоидат дар баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонону наврасон аз масъалаҳое буданд, ки раиси вилояти Хатлон таъкид намуд.


СУҒД
Бунёдкориҳо дар Қалъаи Хуҷанд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" омада, ҷараёни корҳои бунёд, таъмиру тармими иншооти таърихиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Иттилоъ дода шуд, ки Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида истодааст.
Алҳол беш аз 10 ширкати сохтмонӣ бо фарогирии зиёда аз 150  сохтмончӣ муташаккилона дар ҷодаҳои гуногуни иншооти таърихию фарҳангӣ кору фаъолият дорад. Таъкид шуд, ки рӯзҳои наздик шумораи коргарон то ба 300 нафар расонда мешавад.
Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самтҳо муташаккилона идома дорад.

Санаи нашр: 08.02.2023 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив