МОДАРИ МАН
Аё, эй модари маҳпайкари ман,
Ту будӣ такягоҳе дар бари ман.
Дареғо, ошёнам бе ту холист,
Аё, эй зеби ҳавлию дари ман.
Ба зонуят гузорам сар, куҷоӣ?
Намоӣ сила бо дастон сари ман.
Бирафтию бигашт ин қоматам хам,
Фақат будӣ ту андар бовари ман.
Куҷоӣ, модаро, бе ту хазонам?
Биё, бингар ду чашмони тари ман.
Ҳама дорад ба худ як ғамгусоре,
Биё, охир ту, эй ғампарвари ман.
ҲАЁТИ БОБАРОРАМ
Эй биҳишти сабзборам, модарам,
Эй ҳаёти бобарорам, модарам.
Рӯзу шаб ин ҳарф бошад бар забон:
Эй ривоҷи кору борам, модарам.
Интизорӣ дар раҳи фарзандҳо,
Интизору дидачорам, модарам.
То шавад машҳур ин фарзанди ту,
Умри худ кардӣ нисорам, модарам.
Номи ту андар забон ширин бувад,
Ҳам умеду ифтихорам, модарам.
Бар сарам бошӣ ҳамеша соябон,
Меҳрубону ғамгусорам модарам.
Муҳаммади ХАТЛОНӢ
Санаи нашр: 03.07.2023 №: 136
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
17 апрел 2023, Душанбе
БА ҚУДРАТ РАСИДАНИ «ТОЛИБОН» ВА САРНАВИШТИ ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН
Шарҳҳо (0)