ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОШТҚАЛЪА. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ МЕШАВАД

РОШТҚАЛЪА. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ МЕШАВАД

03 июл 2023, Душанбе
29
0

 
Бар асари омадани сел ва обхезӣ дар ноҳияи Роштқалъа 15 манзили истиқоматӣ, муассисаи таълимӣ ва мағоза зарар диданд. Ҳамчунин, ҳудуди се гектар заминҳои кишти сокинон зери селоб монда, бештар аз 460 метр роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта, як пул аз сел ва обхезӣ хароб гардиданд. Хушбахтона, офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Дар ин бора аз раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ ба “Ҷумҳурият” хабар доданд.
Ба иттилои корманди раёсат Фарид Абдулназаров, бар асари сел дар деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа, ки рӯзи 24-уми июни соли ҷорӣ, соати 16:20 дақиқа ба вуқуъ пайваст, ҳафт манзили истиқоматӣ зарар дид. Рӯзҳои минбаъда сел такроран фаромада, маҷрои рӯди Шохдараро баст ва ҳавзи калоне ба вуҷуд омад. Дар натиҷа, ҳашт манзили истиқоматии дигар ва мағоза зери об монданд. Аз обхезӣ, ҳамчунин, бинои муассисаи таълимии деҳа қисман зарар дидааст. Селоб бештар аз 200 метр роҳи нақлиётиро дар километри 44 –уми роҳи Хоруғ – Ҷавшангоз шуста бурда, ҳудуди бештар аз 260 метри роҳ зери об монд.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд. Пешвои миллат ба Сарвазири мамлакат, Комиссияи ҳукуматӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор дастур доданд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода тамоми тадбирҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ намоянд. Дастур дода шуд, ки барои таъмини бехатарии аъзои 210 оилаи дар назди соҳили Шоҳдара ҷойгиршуда, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барои барқарор намудани хонаҳои осебдида, чораҳои бетаъхир андешида шаванд.
Аз рӯзҳои аввали ҳодиса бо дастгирӣ ва ширкати фаъоли роҳбарияту кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва сокинони Роштқалъа оқибатҳои офати табиӣ бартараф шуда, корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Рӯзи 27 июн, баъди бозгашт аз сафари хизматӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз ҷойи ҳодиса дидан карда, бо зарардидагон суҳбат намуд. Раиси вилоят зикр кард, ки бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор дорад. Сарвари мамлакат дар суҳбати телефонӣ бо раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчондани аҳолии таҳти хатарқарордошта, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин кардани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд. 
Бо супориши Пешвои муаззами миллат Комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ таъсис дода шуд, ки фаъолияти он дар маркази маъмурии вилоят бо ҷалби роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Зимни суҳбати телефонӣ раиси вилоят аз раванди ҳодисаи офати табиӣ ва корҳо дар самти бартарафсозии оқибатҳои он ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Тавре аз раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ хабар доданд, рӯзи 29 июн ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Роштқалъа маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла орд, равғани рустанӣ, биринҷ, шакар, макарон ва нахӯд кумак расонда шуд. 
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳти роҳбарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Агентии мелиоратсия ва обёрӣ, Агентии гидрометеорология ба минтақаи аз офати табиӣ зарардида сафарбар шуд. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба кор шуруъ намуд. Худи ҳамин рӯз дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ баргузор гардид. Роҳбарияти вилоят аъзои ситодро бо вазъият шинос намуд. Дар ҷои ҳодиса комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода фаъолият дошта, корҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва муайян кардани зарар идома доранд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.07.2023 №: 136
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив