ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАЛАСАИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ САҲА

ҶАЛАСАИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ САҲА

05 июл 2023, Чоршанбе
12
0
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Ванкувери Канада баргузор гардид, иштирок намуданд. 
Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад, ки дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи таҳкими амнияти минтақавӣ тавассути рушди ҷомеаҳои демократӣ ва фарогир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
 
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО МАТРАҲ ГАРДИД 
Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Люксембург мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ҷозеп Боррел баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо  равобити дуҷонибаро матраҳ намуда, вобаста ба роҳҳои рушд ва тавсеаи ҳамкорӣ  байни  Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ табодули афкор намуданд. Инчунин, масоили амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистон, таҳдиди терроризму экстремизм ва дигар масоили мубрами мавриди эҳтимоми тарафҳо муҳокима гардиданд.
 
 
ТОҶИКИСТОН ВА ШВЕДСИЯ
Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти тағйирёбии иқлим
Дар Люксембург мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Шведсия Тобиас Биллстрём баргузор гардид. 
ВКХ  хабар медиҳад, ки зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба оид ба тағйирёбии иқлим, обу энергетика, муносибот  дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
650 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БАРОИ ЛОИҲАҲОИ АФЗАЛИЯТНОК
Бонки авруосиёии рушд аз давраи солҳои 2023–2026  барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон 650 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд. Ин тавофуқ дар мулоқоти  вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо раиси Бонки авруосиёии рушд Николай Подгузов ба даст омад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ додаанд, мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Шурои Бонк дар шаҳри Остона баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ ва нақшаи зиддибуҳронии Ҳукумати ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди мамлакат ва дурнамои ҳамкории миёнамуҳлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
Муҳаммадулло ТАБАРОВ, “Ҷумҳурият”
 
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив