ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПИСТА. ТАҚСИМОТИ ҶАНГАЛ ЧӢ ЗАРУРАТ ДОШТ?

ПИСТА. ТАҚСИМОТИ ҶАНГАЛ ЧӢ ЗАРУРАТ ДОШТ?

05 июл 2023, Чоршанбе
50
0
 
Писта бояд монополияи давлат бошад! Чунин меҳисобанд аксари коршиносони соҳа, ки аз вазъи имрӯзаи истифодаи ҷангалҳои писта бархӯрдоранд. Гап сари он аст, ки аксари пистазор бо ба қайд гирифтани онҳо ҳамчун замини чарогоҳ сабти ном гардидаву аз худ карда шудаанд. Сокинони деҳаҳо ба ёд меоранд, ки солҳои пеш меваи писта чунон иқтидори бузурги таъминотӣ дошт, ки як қисми оилаҳои деҳот, хусусан дар минтақаи ҷануби кишвар, аз ҳисоби он рӯзгор пеш мебурданд. 


Системаи аҷибе буд, ки ҳанӯз моҳи май фаро нарасида, намояндаи хоҷагии ҷангал бо ҳар хонавода қарордод мебаст ва ҳангоми пухта расидани писта он аз ҷониби онҳо чида мешуд. Масалан, як аъзои хонавода нақшаи муқарраргардидаи 15-20 кило пистаи аълосифатро ҷамъ оварда, ба хоҷагии ҷангал месупурд ва барои худ алоҳида писта мечид. Яъне, пистачинӣ озод буд. Агар як хонавода ба ҳисоби миёна 500 кило писта ҷамъоварӣ мекард, даромади хуб ба даст меовард. Ҳоло, мутаассифона, чунин нест.
Айни замон ба заминҳои пистазор фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Аксари онҳо барои беҳбуди чорводорӣ ва таъминот бо чарогоҳҳо гуфта, заминҳоро аз худ кардаанд. Дар ҷумҳурӣ, тибқи маълумоти расмӣ, 82 ҳазор гектар пистазор мавҷуд буда, аз ин 12 ҳазор гектар ба ноҳияи Хуросон, 15 ҳазор гектар ба ноҳияи Панҷ, 13 ҳазор гектар ба ноҳияи Данғара ва 3700 гектар пистазор ба Қубодиёну Шаҳритус рост меояд, ки аксари онҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тааллуқ доранд. Ҳамчунин, заминҳои писта дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик ва Ҷайҳун низ зиёданд.
Дар маълумотномаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, омадааст, ки майдонҳои писта берун аз заминҳои фонди давлатии ҷангал дар ноҳияҳои Дарвоз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Шаҳринав ва Ҳисор мавҷудбуда, ҷамъоварии маҳсулоти он аз тарафи кӣ анҷом дода мешавад, маълум нест. 
Турдалӣ Арабов, сардори раёсати ҳифзу барқарорсозии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангал, изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои камшавии пистазор дар хоҷагии ҷангал, ин дар маҳалҳо аз тарафи Кумитаҳои идораи замин ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бидуни риояи талаботҳои Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замин ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», инчунин, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ғайриқонунӣ додани заминҳои фонди ҷангал мебошад, ки дар натиҷа ба заминҳои таъиноти кишоварзӣ гузаронда мешаванд. Ғайр аз ин, мақомотҳои маҳаллӣ аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31 октябри соли 2014 таҳти № 696), ки заминҳои чарогоҳҳои мавсимии шаҳру ноҳияҳо дар марзи маъмурии шаҳру ноҳияҳои дигар аз ҳисоби заминҳои фонди давлатии ҷангал майдони 264364 гектар ба муҳлати даҳ сол ба шаҳру ноҳияҳо вобаста карда шудааст, ғайримақсаднок истифода мебаранд. 
 
ҚОНУНҲО БО ҲАМ  МУВОФИҚ НЕСТАНД
Воқеан, солҳо инҷониб бо сабаби дуруст танзим нашудани заминҳо заминҳои писта ба чарогоҳ табдил ёфтаанд. Дар натиҷаи нагузарондани корҳои ҳифзу барқарорсозӣ пистазор торафт кам мешаванд. Айни замон аз 82 ҳазор гектар замини писта теъдоди кам ба фонди давлатии ҷангал дохил мешавад. Аз ин ҳисоб, дастрасии аҳолӣ ба писта мисли солҳои пешӣ нест: чидани он маҳдуд буда, вақти ҷалби пистачинон пардохти ҳаққи ҷамъоварӣ аз рӯи нархнома (14 сомонӣ барои як кило пистаи тар) сурат намегирад ва ба пистачинон маблағи ночиз медиҳанд.
Мираҳмад Давлатов, муовини сардори хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон, зимни шарҳи масъала, гуфт, ки дар аксар маврид номувофиқатии қонунҳои амалкунанда барои истифодаи нодурусти заминҳо имконият медиҳанд. Барои мисол, дар моддаи 5 Кодекси ҷангал омадааст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳифзу муҳофизати ҷангалзор, сарфи назар аз фаъолияти хоҷагидорӣ (ғайр аз ҷангалҳои дохили шаҳрак) ба уҳдаи хоҷагии ҷангал вогузор шуда, мақоми ваколатдор хоҷагии ҷангал мебошад. Дар баробари ин, дар қонунгузории замин заминҳо ба гурӯҳҳо, аз ҷумла ба заминҳои дорои дарахтони бисёрсола ва буттазор тақсим шуда, маҳз ҳамин қисмати қонунгузории замин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ имконият дод, ки заминҳои ҷангал, аз ҷумла пистаро ба манфиати худ истифода мебаранд, ниҳолҳои пистаро ҳамчун буттазор гуфта, соҳиб мешаванд. Дар ҳоле ки заминҳои буттазор низ, мувофиқи қонунгузорӣ, заминҳои фонди ҷангал ҳисобида мешаванд. Яъне, ҳоло ду қонун бо ҳам мухолифанд.
 
АЗ КАМШАВИИ ҶАНГАЛЗОРҲО  ХОКБОРИШ ПАЙДОСТ
Тавре маълум аст, буттазор ва писта хатти муҳофизатӣ (лесаполоса) буда, дар теппаҳо дар заминҳои лалмӣ барои ҳифзи зироат ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ мерӯянд. Масалан, ниҳоли писта маҳсулоти донагиро ҳифз мекунад. Аз ин рӯ, замони шуравӣ пистазор танҳо бо мақсади муҳофизати хок аз коррозия ва эрозияи замин бунёд мешуданд ва зичии онҳо аз меъёр зиёд ва ҳосилнокиашон паст буд. Ҳоло баръакс, таваҷҷуҳ ба фоида гирифтан аз ҳосили ин меваи даштӣ бештар буда, навъҳои гуногуни он парвариш меёбанд. Вале, бо вуҷуди ин, ҳосили писта сол ба сол кам шуда истодааст. Аз рӯи мушоҳидаҳои хоҷагии ҷангал, имсол низ ниҳоли писта ба монанди соли 2019 ҳосил надод. Муҳимтар аз ҳама, пистазор дигар ҳамчун хатти муҳофизатӣ) (лесаполоса) мавқеи худро гум кардаанд. Сабаб чист? Сабаб боз ҳам фаъолияти номувофиқи хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад, ки бо роҳи аз худ кардани заминҳо хатти муҳофизатиро нобуд сохтанд. Феълан фарогири зиёди хокборишро мутахассисони соҳа ба кам шудани ҷангалзорҳо, аз ҷумла заминҳои писта, рабт медиҳанд, зеро ҳар қадар ҷангалҳо кам шаванд, ҳамон қадар муҳофизати замин аз коррозия ва биёбоншавӣ мушкил мегардад. 
Мустафо Авазалиев, мутахассиси идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Қубодиён, дар баробари бурдани корҳои мелеоративӣ, аз вазъи имрӯзи истифодаи заминҳо бохабар аст, дар ин бора изҳор дошт, ки дар табиат кам шудани дарахтони даштӣ, аз ҷумла ниҳоли писта ва саксаул, боиси ба амал омадани чангбод ва хокбориш мегардад. Чангбод ва хокбориш ба ҳосилнокии заминҳои корам бетаъсир нест. Барои мисол, саксаулзори Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус, ки бунёду барқарорсозии он вазифаи ҷонии Агентии хоҷагии ҷангал мебошад, қариб аз байн рафтааст. Бунёду барқарорсозии ниҳолҳои писта низ аз ҷумлаи онҳост. Агар ҳар сол дар хоҷагиҳои ҷангал бунёди воқеии лоақал 20 ҳазор ниҳоли дарахтон анҷом дода мешуд, ҳоло вазъ то ин ҳад мушкил намегашт. 
Хуллас, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ҷиҳати бунёд ва барқарорсозии ҷангалзор, аз ҷумла ниҳолҳои писта, тадбирҳои қатъӣ андешад. 
Мақсад ва самти фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ба чӣ равона мешавад, аниқ муайян гардад. Ба хоҷагидорон фаҳмондан лозим, ки заминҳои ҷангалро моликияти худ наҳисобида, замини ҷангал дар ҷангал монад. Дар мақомотҳои маҳаллӣ тақсимоти замин худсарона анҷом дода нашавад ва аз ҷониби Кумитаи замин дар ин самт чораҳои мушаххас андешида шаванд. Муҳлати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31 октябри соли 2014 таҳти № 696) оид ба шаҳру ноҳияҳо барои беҳбуди чарогоҳ аз ҳисоби заминҳои фонди ҷангал вобаста кардани майдони 264364 гектар ба муҳлати даҳ сол ба анҷом мерасад. Маҳз дар ин муддат танзими дурусти заминҳои фонди ҷангал, аз ҷумла пистазор, ки экосистемаи табииро ҳифз мекунанд, ба роҳ монда шавад. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив