ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАВЛОНИЯ Ё ПИЛГӮШ. СУДУ ЗИЁНИ  ЯК РУСТАНӢ БА  ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

ПАВЛОНИЯ Ё ПИЛГӮШ. СУДУ ЗИЁНИ  ЯК РУСТАНӢ БА  ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

05 июл 2023, Чоршанбе
35
0
 
Таъсиси боғҳои рустании павлония (пилгӯш) барои кишвари мо айни замон ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст. Гарчанде дар матбуоти илмию даврии кишварамон оид ба таъсис ва ташкили плантатсияи павлония аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ мақолаю рисолаҳо нашр нашуда бошанд ҳам, аммо бархе аз соҳибкорони мо кӯшиш бар он доранд, ки дар Тоҷикистон плантатсияи онро ташкил диҳанд. Дар ҳоле ки суду зиёни он ба иқтисоди миллӣ пурра ошкор нест. 
 
Аз назари онҳо, гӯё ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами рушди саноатикунонии кишварамон аз бунёди чунин плантатсия вобастагӣ дорад. Ба гуфтаи онҳо, аз як гектар плантатсияи он аз 200 то 300 мукааб чӯби хушсифат ба даст овардан мумкин аст. Ҷангалҳои Тоҷикистон аз буттаҳо иборат буда, аз онҳо ба даст овардани чӯби корӣ ғайриимкон мебошад. 
Ин андешаи худро онҳо чунин тақвият медиҳанд: дар кишвармон 90-95 дарсади чӯби корӣ ҳамчун масолеҳи сохтмон аз дигар давлатҳо ворид мешавад. Сабаби руҷуи ҷиддии мо ба пажӯҳиши ин мавзуъ муроҷиати пайдарпайи соҳибкор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Очилдӣ Умаралиев аст. 
Нисбат ба ин масъала агар адабиёти мухталифи илмиро таҳлилу таҳқиқ намоем, маълум мегардад, ки пилгӯш дарахти зудрушдёбанда буда, ватани аслии он Чин мебошад. Барои мардуми Чин ва Ҷопон он рамзи миллӣ ҳисобида мешавад. Тибқи маълумоти дигар, дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ин рустании экзотикӣ ба сифати дарахти ороишӣ ва сояафкан мавриди истифода қарор мегирад. Очилдӣ Умаралиев таъкид мекунад, ки ҳоло дар бозорҳои кишвари мо фурӯши ниҳоли ин дарахт оғоз шуда, аммо он ягон хел сертификати сифат надорад. 
Бояд гуфт, ки пилгӯш хоси минтақаи ҷанубу шарқи Осиё буда, иқлими он мутаъдилу намнок ва ба сармо тобовар мебошад. Иқлими кишвари мо континенталии сахт ва зудтағйирёбанда буда, ҳатто дар ноҳияҳои гармтарини ҷумҳурӣ (водии Вахш) баъзе солҳо ҳарорати моҳи январ то -24-320С паст шуда, аз таъсири он дарахтони субтропикӣ низ осеби сахт мебинанд. Чунончи, аз тадқиқоти олимони Россия, Украина ва Ӯзбекистон бармеояд, вобаста ба иқлим дар бисёр ҳолатҳо парвариши ин рустанӣ самараи дилхоҳи иқтисодӣ намедиҳад. Парвариши он истифодабарии заминҳои обёришавандаро дар майдонҳои васеъ талаб менамояд, аммо дар кишвари мо чунин заминҳо хело маҳдуданд. Дар чунин вазъ вазифаи асосии олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) дарёфти усулҳои таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад, на рушди павлония. Аз ин бармеояд, ки муҳтавои масъалагузориҳои соҳибкор ба фаъолияти АИКТ иртибот надорад. Таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ нишон дод, ки самараи иқтисодии пахтаи маҳиннах нисбат ба миёнанах ду борабар зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда барои картошка 3, сабзавот 3,7, меваҳои донакдор 2,8, меваҳои тухмакдор 8,3, ангур 7,3 ва лимӯ аз 50 то 75 маротибаро ташкил медиҳад. Ё далели дигар, 1 гектар гармхонаи бодиринги соҳибкор Саймурод Давлатов дар ноҳияи Сарбанд дар як мавсими сол то 300 тонна маҳсулот медиҳад. Агар самараи иқтисодии ин гармхонаро дар қиёс ба даҳ соли парвариши дарахти павлония арзёбӣ намоем, он боз ҳам ночиз аст. Аз ин ҷиҳат, тарғибу ташвиқи плантатсияи павлония зарурат надорад. Бо чунин натиҷагириҳои илмӣ метавон муҳтавои масъалагузориро барои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо тамоми паҳлуҳояш ошкор кард. Дар баробари ин, Очилдӣ Умаралиев зикр мекунад, ки дар давоми як сол аз як гектар плантатсияи пилгӯш метавон аз 35 то 40 тонна хӯроки серғизои чорво ба даст овард. Ин миқдор хӯроки чорворо аз лиҳози воҳиди ғизонокӣ дар муқоиса нисбат ба 5 дарави беда, агар аз рӯйи сифату миқдор мавриди арзёбӣ қарор диҳем, боз ҳам ночиз аст. 
Чӯби корие, ки аз павлония ба даст меояд, сабук ва ба оташу намӣ тобовар буда, онро бештар на дар сохтмон, балки мебелсозӣ, офаридани армуғонҳо истифода мебаранд. Баргҳои он дар шароити кишвари мо ба касалии замбурӯғӣ гирифтор шуд ва ба пиллапарварӣ фоидаовар будани баргҳояш низ, собит нашуд.
Хулоса, пилгӯшпарварӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дар сатҳи пиллапарварӣ самараи дилхоҳи  иқтисодӣ барои ҷумҳурӣ  ба бор намеорад. Ҳоло давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таваҷҷуҳи бештари худро ба баланд бардоштани ҳосили дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои кишоварзӣ нигарондаанд. Бо вуҷуди ин, бархе аз олимону коршиносон масъалаи мазкурро аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ бо диди назариявию амалӣ вобаста ба мавқеи ҷуғрофии кишварамон мавриди омӯзиш қарор додаанд ва дар наздиктарин фурсат суду зиёни пилгӯш бештар равшан хоҳад шуд.
 
Ҳасан АСОЕВ, коршиноси масоили экологӣ
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив