ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАҚАМИСОЗИИ САЙЁҲӢ ДАВРАИ НАВИ РУШДИ СОҲА

РАҚАМИСОЗИИ САЙЁҲӢ ДАВРАИ НАВИ РУШДИ СОҲА

05 июл 2023, Чоршанбе
32
0
 
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои дорои имконияти васеи истифодаи навгониҳои рақамӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ буда, бозори хизматрасониҳои онлайнӣ яке аз бахшҳои босуръат рушдёбандаи он маҳсуб меёбад, ки сайёҳии байналмилалӣ дар ин ҷо нақши калидӣ дорад. Табиист, ки сайёҳони хориҷӣ ҳангоми банақшагирӣ ва ташкили сафарҳои худ дар саросари Тоҷикистон аз интернет истифода мебаранд, ки ба рушди бозори сайёҳии Тоҷикистон таъсири фаъол мерасонад. Маҳз дар ҳамин замон амиқтар шудани равандҳои рақамикунонии сайёҳии миллӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи сайёҳии кишвар хоҳад буд.
Таҳлилҳои гуногуни коршиносону олимон нишон медиҳанд, ки бо эҳтимоли зиёд дар ояндаи наздик сатҳи рақамикунонӣ рақобатпазирии соҳаҳои гуногуни тиҷорат, балки кишварҳоро низ муайян мекунад. Дар ҳамин ҳол, бартарии устувори рақобатпазириро танҳо ҳамон кишварҳо ё ширкатҳое ноил мешаванд, ки метавонанд ба зудӣ ба воқеияти замон мутобиқ шуда, ба таври максималӣ аз манфиатҳои рақамисозӣ истифода баранд. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ бо баёни воқеият ва талаботи замони муосир будани рақамикунонии иқтисоди миллӣ, таъкид доштанд, ки ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккули заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида шуда, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад. 
Алҳол барои пурра гузаштани Тоҷикистон ба иқтисодиёти рақамӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ муҳайё буда, заминаи асосии онро ҳукумати электронӣ гузоштааст. Зимнан, дар кишвар кортҳои пардохтии бонкӣ васеъ паҳн шуда, маоши кормандони буҷетӣ ва нафақа чанд сол боз танҳо ба кортҳои бонкӣ ҳисобӣ мешаванд. Ҳамзамон, барои шаҳрвандон ба меҳмонони кишвар дигар воситаҳои пардохтҳои электронӣ ба монанди бонкинги мобилӣ, ҳамёни электронӣ, QR рамз ва ғайраҳо дастрас мебошанд. 
 
БАРНОМАҲОИ МОБИЛӢ – ШАКЛИ МУОСИРИ РАҚАМИКУНОНИИ САЙЁҲӢ
Тавассути арзёбии коршиносон метавон ба хулосае омад, ки яке аз шаклҳои муосири рақамикунонии сайёҳӣ ин барномаҳои мобилӣ барои телефонҳои ҳамроҳ мебошанд. Ин барномаҳо на танҳо муфид, балки барои амалӣ намудани саёҳат низ зарур мебошанд. Масалан, хизматрасониҳо оид ба банд кардани ҳуҷраҳо, чиптаҳои гуногун, инчунин, хизматрасонӣ оид ба интихоби масири сафар метавонанд тавассути системаҳои интернетӣ, аз ҷумла тавассути системаҳои ҷустуҷӯӣ ва сомонаҳои ширкатҳои сайёҳӣ, анҷом дода шаванд. Ин технологияҳо аз соли 2016 дар бозори ҷаҳонӣ пешниҳод мешаванд ва дархостҳо ба онҳо то имрӯз 62 фоиз, ҷустуҷӯи чиптаҳои қатораҳо аз барномаҳои дастгоҳи мобилӣ 50 фоиз, инчунин, ҷустуҷӯи маҳсулоти сайёҳӣ 65 фоиз афзоиш ёфтаанд. Дар ин самт дар кишвари мо ин чораҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рақамисозии сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барономаи MGIS (аввалин дастури онлайнии интерактивӣ)-ро таҳия намудааст, ки бо харитаи рақамии шаҳри Душанбе пайваст мебошад. Он беш аз 1 000 000 объекти инфрасохтори шаҳрро дар як замима ҷамъ оварда, имкон медиҳад, ки дар як лаҳза ҷойгиршавии дилхоҳ мақомоти давлатӣ, ширкатҳо, тарабхона, ошхона ва бисёр иншооти дигарро дарёфт намуд. Инчунин, роҳнамоҳои онлайнӣ, харитаҳои электронӣ ва дигар хизматрасониҳои муосир дар соҳаи сайёҳӣ ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат дастрас мебошанд. 
 
САЙЁҲИИ МАҶОЗӢ – ИМКОНИЯТИ НАВ ДАР БОЗОРИ САЙЁҲӢ 
Байни навъҳои нави сайёҳӣ – сайёҳии маҷозӣ фарқкунанда мебошад. Бартарии сайёҳии маҷозӣ дар он аст, ки аз он ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, аз қабили маъюбон, одамоне, ки маблағи кофӣ барои сафар надоранд, истифода бурда метавонанд. «Сайёҳии маҷозӣ ин фаъолияти шахси воқеӣ мебошад, ки ба воситаи истифодаи технологияҳои муосири компютерӣ ва шабакаҳои иртиботӣ имкони дарёфти маълумоти воқеии ҳассостарин (дар шакли видеоӣ ё онлайнӣ) дар бораи макони дилхоҳ бидуни рафтан ба ҷойи лозимӣ, фароҳам мегардад». Барои ин доштани таҷҳизоти компютерӣ бо замимаҳо ва барномаҳои мувофиқ, инчунин, Wi-Fi дар хона кофӣ аст. Бо истифода аз имкониятҳои сайёҳии маҷозӣ метавон аз зарфиятҳои фарҳангӣ, таърихӣ, фароғатии кишварҳои гуногун шинос шуда, аз мавзеъҳои ҷолиби онҳо дидан намудан мумкин аст. Шаҳрҳо ва осорхонаҳои ҷаҳон байни сайёҳии маҷозӣ маъруфияти бештар доранд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ, шуруъ аз давраи эълони пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон ва як муддат ба таназзул омадани сайёҳии байналмилалӣ сайрҳои маҷозиро дар осорхона роҳандозӣ намуд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки танҳо аз саҳифаи фейсбукии осорхона сад ҳазор тамошогар дидан намудааст. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.07.2023 №: 138
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив