ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

09 феврал 2023, Панҷшанбе
85
0
КОРРУПСИЯ
"Заминфурӯш"-и номуваффақ дар толори суд 
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ошкор шудани як ҳолати қаллобӣ ё ришваситонӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси айбдоршаванда хабар дод.
Бино ба иттилои маркази мабуоти Агентӣ, ин кирдор аз ҷониби Парвиз Файзуллозода, сардори раёсати иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, сар задааст. Номбурда бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 20 000 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ шахсан 57 000 сомониашро гирифтааст.
Вобаста  ба  ҳолати мазкур, нисбат ба Парвиз  Файзуллозода бо моддаи 247 қисми 4  банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст), парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
 
 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Шахсе, ки маҳбусро “озод” карданӣ буд, ба курсии айбдорӣ нишаст
Кормандони мақомоти милитсия нисбат ба як сокини ноҳияи Вахш, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ ҷавони 25-сола ном мебарад, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, ин ҷавон моҳи апрели соли 2022 бо роҳи фиреб ба бовари зани 45-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, барои аз маҳбас “озод” намудани шавҳараш аз ӯ 93 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Феълан, дар робита ба ин кирдор тафтишот идома дорад.
 
 
 
 
ДУЗДӢ
Ноболиғи 17-сола бо 17 чархи мошин ба дасти милитсия афтод
Дар ноҳияи Шаҳритус ноболиғи 17-сола ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ  ба дасти маъмурони милитсия афтод.
Тавре дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, боздоштшуда моҳи январи соли 2023 ба таври пинҳонӣ аз нуқтаи таъмир ва фурӯши чархи воситаҳои нақлиётии марбут ба марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур 17 чархро дуздидааст. Дар пайи ин амал зарари расондашуда 4 ҳазору 80 сомониро ташкил дода, ҳолати дуздӣ мавриди тафтиш қарор дорад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 09.02.2023 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив