ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛАХШ. ТАТБИҚИ ПАЁМ САРМАШҚИ КОР АСТ

ЛАХШ. ТАТБИҚИ ПАЁМ САРМАШҚИ КОР АСТ

09 феврал 2023, Панҷшанбе
48
0
Дар ноҳияи Лахш бобати шарҳу тавзеҳи ҷанбаҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳия Каромиддин Холзода бо иштироки роҳбарони ташкилоту идораҳо ва намояндагони соҳаҳо  силсилаи мулоқоту вохӯриҳои судманд бо сокинони ҳамаи ҷамоатҳои деҳот  ба роҳ монда шудааст. 
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, зимни тавзеҳоти Паём Каромиддин Холзода диққати ҳозиронро ба масъалаҳои муҳими дар Паём зикргардида ҷалб намуда, бахусус иҷрои дастурҳои Пешвои миллатро барои афзунбахшии истеҳсоли кишоварзӣ, таъкид доштанд.  
– Имрӯзҳо дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи геосиёсӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат роҳнамои бемислу созандае мебошад, ки татбиқи он моро аз ҳамагуна вазъи пешомада раҳоӣ бахшида, сӯи рушду шукуфоӣ пеш мебарад. Аз ин рӯ, мавриди амал қарор додани нуктаҳои Паём дар ҳаёти инфиродӣ ва хоҷагии халқи ноҳия вазифаи шаҳравндию ватандории ҳар яки мо маҳсуб меёбад. Мо, аҳли ноҳия, дар доираи он бояд талош намоем, ки ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, ин санаи таърихиро бо дастовардҳои азим истиқбол намоем.  Баробари ин, баланд бардоштани музди маоши кормандони самтҳои гуногуни давлатӣ аз дастгириҳои навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар Паём дастур дода шуд. Ҳамчунин, барои мутобиқ сохтани тарзу усули  кишту парвариши зироатҳо ба раванди тағйирёбии иқлим, ҳамзамон, идораи самараноки замин самти муҳимтарини фаъолияти роҳбарият ва бошандагони  ноҳия бояд қарор гирад, – зикр намуд Каромиддин Холзода. 
Дар фарҷоми  вохӯрӣ роҳбарони ташкилоту идораҳо оид ба паҳлуҳои муҳимтарини Паём бо сокинон гуфтугӯи судманд анҷом дода, дархосту пешниҳодҳои созанда низ, сурат гирифтанд. Зикр гардид, ки вобаста ба татбиқи босамари Паём аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо, аллакай, омода ва роҳандозӣ гардидааст. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.02.2023 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив