ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГӮШТИНГИРӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР АВВАЛИН ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МАҚОМИ АВВАЛРО КАСБ КАРД

ГӮШТИНГИРӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР АВВАЛИН ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МАҚОМИ АВВАЛРО КАСБ КАРД

30 июн 2023, Ҷумъа
8
0
Аввалин Чемпионати Осиё оид ба гӯштингирӣ, ки 27 июн дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба тантанаҳои ҷашнии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шукӯҳу манзалати дигар зам кард. Гӯштини миллии мо бори аввал дар ин сатҳ дар қалби Осиё – Тоҷикистон дурахшид. Ҷилои ин риштаи варзиши ниёкон, ки соли гузашта мақоми байналмилалиро касб карда буд, нуфузи кишвари моро боз ҳам дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Бешак, мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» аз файзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад. 
Дар Чемпионат беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои АМА, Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Ветнам, Индонезия, Ироқ, Корея, Кувайт, Қазоқистон, Қирғизистон, Лубнон, Малайзия, Муғулистон, Озарбойҷон, Покистон, Россия, Сингапур, Сурия,  Таиланд, Тайпеи Чин, Тоҷикистон, Туркманистон, Урдун, Уммон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Чин, Шри-Ланка ва Эрон иштирок намуданд.    
Ғолибон ва ҷоизадорони аввалин Чемпионати Осиё оид ба гӯштингирӣ ба таври зайл муайн гаштанд: 
Бонувон. Вазни -52 кг. Гантсетсег Ганболд (Муғулистон), Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон), Ҳилола Артикбоева (Ӯзбекистон), Да Зу Ҳа (Ветнам).
Мардон. Вазни -65 кг: Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон), Артём Штурбабин (Ӯзбекистон), Сардор Хуррамов (Ӯзбекистон), Ҳасан Горунӣ (Эрон). Вазни -71 кг: Наврӯзи Каримзод (Тоҷикистон), Чорӣ Зоиров (Ӯзбекистон), Илёс Сабзалӣ (Эрон), Дурдюмурат Бешимов (Туркманистон). Вазни -78 кг: Муҳаммади Бариманлоу (Эрон), Раҳматуллобек Фарҳодов, Тӯйчӣ Шарипов (ҳар ду Тоҷикистон), Арслонбек Тоҷиев (Ӯзбекистон). Вазни -86 кг: Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон), Умар Бозоров (Ӯзбекистон), Қавибозу Масъуд (Эрон), Асюлбек Уулу Жамалбек (Қирғизистон). Вазни +86 кг: Муҳсин Ҳисомиддинов (Ӯзбекистон), Ҷавод Морадӣ (Эрон), Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон), Муҳаммадкарим Хуррамов (Ӯзбекистон).
Гӯштингирони Тоҷикистон бо касби 7 нишон (3 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо мақоми аввалро гирифтанд. 
Фонди умумии ҷоизаҳо 80 ҳазор доллари ИМА буд. Ғолибон 5000-долларӣ, барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 3000 ва 1500-долларӣ ба даст оварданд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 30.06.2023 №: 133-134-135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив