ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «РОҒУН». ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НЕРУИ ҶАВОНОН ТАКЯ ДОРАНД

«РОҒУН». ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НЕРУИ ҶАВОНОН ТАКЯ ДОРАНД

09 феврал 2023, Панҷшанбе
84
0
 Тоҷикистон тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истифодаи дурусти имконоти табиӣ барои аксари кишварҳои ҷаҳон намунаи ибрат гардид. Бахусус, бунёди НБО «Роғун» ҳамчун сохтмони аср собит кард, ки Тоҷикистон худсоз аст ва дар оянда ба мамлакати худкифоъ табдил меёбад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури «Роғун» Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”. Ин дурбинии хирадмандонаи Сарвари давлат ҷомаи амал пӯшид ва бо чашмони худ дидему шоҳид шудем, ки чӣ гуна «Роғун» Ватани моро мунаввар месозад. 
Дар бунёди ин Неругоҳ Пешвои миллат аз оғоз то ҳол ба қувва ва тавоноии зеҳниву илмии ҷавонон такя мекунанд. Ба ин хотир, давлату Ҳукумати Тоҷикистон даҳҳо ҷавонони болаёқатро ба хориҷи кишвар фиристод, то онҳо ҳамчун мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ дар самти энергетика омода ва дар ободии Ватан саҳм гузоранд. Мо низ дар ин шуморем.
Мо пасу пеш дар солҳои 2018 ва 2019 аз тарафи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шудем. Дар Донишгоҳи ХоХай, шаҳри Нанкини ин кишвар, дар риштаи магистрӣ бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» илму амал омӯхта, ба Ватан баргаштем.  
Корҳои дипломии мо барои хатм аз тарафи устодони Донишгоҳи мазкур бисёр бамаврид ва муҳим интихоб шуданд. Яке дар мавзуи «Кӯчондани аҳолии осебдида аз минтақаи зериобшавандаи лоиҳаи НБО «Роғун» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигарӣ "Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон" рисолаҳои хатм дифоъ кардем.
Мавзуъҳои мазкур ба самти мушкилиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва сиёсӣ равона шуда, ҳамзамон сайёҳӣ низ, дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Махсусан, дар самти идоракунии рушди сайёҳӣ дар кишварҳои шарики барномаи "Як камарбанд - як роҳ" бо истифодаи методи таҳлилӣ-муқоисавӣ, бисёр ҷолиб ва омӯзанда буд.
Сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардид. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии неруи барқ гардид. Энергияи истеҳсолкардаи НБО «Роғун» на танҳо ҷумҳуриамонро аз буҳрони энергетикӣ баровард, балки имкон дод, ки як қисми неруи истеҳсолшуда фурӯхта шавад. Айни замон Тоҷикистон бо истифодаи «энергияи сабз» маъруфи дунёст. Дар аксари мамлакатҳо неруи барқро тавассути сӯхтани ангишт, ҳаста (атом) ва роҳҳои дигар тавлид мекунанд, ки ба экология зарари ҷиддӣ дорад.
НБО «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло 9-ум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. Он аз 6 агрегат иборат буда, иқтидори ҳар кадомашон 600 мегаватро ташкил медиҳад. Сарбанди Неругоҳ бо баландии 335 метр баландтарин аз сатҳи замин (гилу сангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, бо иқтидори 3600 мегават (беш аз 17 миллиард киловатт соат) калонтарин Неругоҳи барқи обӣ дар минтақа аст. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсоли НБО «Норак» яку ним маротиба зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷ ба барқ комилан қонеъ ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишварамон равона гардад. 
Бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба неруи барқи арзон ниёз доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон барқ содир мекунад. Ҳамчунин, ба як қисмати ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар он бештар аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ доранд ва эҳтиёҷманди неруи барқанд. Тоҷикистон дар маҷмуъ, дар як сол 1,5 миллиард соат неруи барқ содир мекунад. 
Дар Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зиёд намудани истеҳсоли неруи барқ ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 45 миллиард киловатт неруи барқ тавлид мешавад. 
Бояд зикр кард, ки дар сохтмони НБО “Роғун” ширкатҳои бузург ва бонуфузи “Салини Импре-ҷило”-и Италия ва “Трактебел инҷи - ниринг”-и Франсия ҳамкорӣ намуданд. 
Боиси хурсандист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои ҳамсоя, бунёди ин иншооти сатҳи ҷаҳониро барои рушди минтақа дарк ва ҷонибдорӣ намуданд. Дар маҷмуъ, “Роғун” барои пешрафти хоҷагии халқи мамлакат, таъмини соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ бо қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, рушди пайваставу бонизоми давлат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми шарифамон мусоидат менамояд.
 
Парвиз ҲАМИДЗОДА, меъмор,
Диловар МУСОЕВ, иқтисоддон
Санаи нашр: 09.02.2023 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив