ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАРДИ КОР.  ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ АМОНБЕК БАНДАИХУДОЕВ

МАРДИ КОР.  ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ АМОНБЕК БАНДАИХУДОЕВ

11 июл 2023, Сешанбе
21
0
 
Ҳамчун  хабарнигор  ҷиҳати ошноӣ бо кори  роҳсозони ширкати сохтмонии “Чайна Роуд энд Бридж Корпорайшен”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тоҷикистон, ки имрӯзҳо ба сохтмони қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон машғул мебошанд, рафтем. Миёни коргарони маҳаллӣ собиқадори меҳнат, сокини деҳаи Даштак Амонбек  Бандаихудоевро дидем, ки бо ҷавонон суҳбат мекард. Ӯ ба  коргарон, ки аксарияташон шогирдонаш буданд, рӯй оварда гуфт:
 
– Чи бахти баланд  насиб гардидааст, ки  бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз  моҳи  сентябри соли  2022  азнавсозии   қитъаи мушкилтарини  шоҳроҳи  байналхалқии  автомобилгарди  Қалъаихумб-Ванҷ-даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон дар масири Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Қулма оғоз шудааст. Ин ғамхории арзанда ва навбатии роҳбарияти олии кишвар дар ҳаққи сокинони Бадахшон дар раванди ба “Дарвозаи тиллоӣ”-и Тоҷикистон табдил додани ин сарзамини зебо мебошад. Аз ҳамин хотир, ҳамаи шумо ҷавононро даъват менамоям, ки  садоқатмандона меҳнат кунед, ворисони сазовори падару бобоён, аввалин  бунёдкунандагони Роҳи калони Помир бошед. Онҳо соли 1940 бо белу каланду зоғнӯл, путку мисрон аз камари кӯҳҳои баланди оврингҳои Кӯчаи Рангун, Таги Пошхарв, Чапарако, Тӯғак, Каведа,Таёқпарто ва дигар масирҳои душворгузар роҳ сохтанд. Акнун шумоён азнавсозии ин шоҳроҳро бо ҳамдастии роҳсозони кишвари ҳамсоя – Чин тариқи техникаи тавоно ба ҷо меоред. Бовар дорам, ки бо ҳисси баланди ватанпарастӣ ин вазифаро ба ҷо меоред.
Воқеан борҳо иттифоқ афтодааст, ки  бо собиқ  омӯзгор, корманди соҳаи  фарҳанг, роҳбари хоҷагӣ Амонбек Бандаихудоев вохӯрдаем. 
Зикр бояд кард, ки Амонбек Бандаихудоев соли 1954 дар деҳаи  Даштаки Ҷамоати деҳоти Вотхуди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Падараш Бандаихудо ба мисли бобояш Қирон деҳқони асили  ғаллакор, боғбон ва сабзавоту полизкор буд. Модараш Ҳалима тамоми умр дар колхоз кор мекард. Амонбеки наврас баъди дар таълимгоҳи миёнаи рақами 6 ба номи Юсуф Амирбеков бо баҳои аъло таҳсил кардан, ба ноҳияи Колхозобод (ҳозира ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) меравад.Тайи ду сол ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ  дарс медиҳад ва аввалин малакаҳои касби омӯзгориро аз бар менамояд.
Соли 1971 ба факултаи физика ва математикаи Институти  педагогии шаҳри Душанбе дохил мешавад. Баъди хатми  Донишкада  аз сари нав ба ноҳияи Колхозобод рафта, зиёда аз шаш сол ба касби муаллимӣ ва  муовини  директори  мактаб фаъолият мекунад.
Вақте ки дар кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон колхозҳо ба совхозҳо табдил меёбанд, дараҷаи баланди  кордонӣ, ташаббускорӣ ва, инчунин, аз сулолаи шуҳратманди аҳли кишоварз будан ва, ҳамзамон, ба обу замин дилбастагии зиёд доштани  Амонбек Бандаихудоевро роҳбарияти ноҳия ва вилоят ба назар гирифта, ӯро директори совхози ба номи Ёрмаҳмад Шомаҳмадов  таъин мекунанд. Ба дашти Сурхсангов аз рӯдхонаи Ванҷоб иншооти обрасонӣ месозанд, бештар аз 80 гектар замини ин масир аз худ карда мешавад. Бо дастгирии сарвари вақти ноҳия Муҳаммадулло Абдуллоев дар мавзеъҳои Даштаку Бунига, Лугад ва Баравн боғҳои мевадор ва канали Лахш-Даштак бунёд мегардад. Ба мавзеи доманакӯҳи Торӯғ, ки қариб 100 гектар замин дорад ҷӯй канда, ин мавзеи баландкӯҳ ва солҳо бекорхобидаро  обёрӣ менамоянд. Ба деҳаи баландкӯҳи Пшихарв роҳи мошин месозанд.
Дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар қатори дигар мактабҳои ноҳия Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 низ, соҳиби компютеру принтер ва дигар воситаҳои таълимии ҳозиразамон мешавад. Хонандагон дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолияти бештар пайдо мекунанд. 
Амонбек Бандаихудоев бо ҳамсараш Хадичамоҳ чор фарзанд - Худоҷӯй, Алифбек, Дилафрӯз  ва  Фирӯзаро тарбият  карда, ба воя расондаанд. Фарзандон ҳоло дар соҳаҳои гуногун  фаъолияти густурда доранд. Кору пайкори ӯ ба дигарон намунаи ибрат аст.
 
Муҳаммадзоиршо  ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Санаи нашр: 11.07.2023 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив