ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДМТ. СУПУРДАНИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО ТАНТАНА ДОШТ

ДМТ. СУПУРДАНИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО ТАНТАНА ДОШТ

11 июл 2023, Сешанбе
19
0
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими  супурдани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони Донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти он сурат гирифт. Тавре иттилоъ дода шуд, дар соли 2023 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 5038 донишҷӯ хатм намуд.
Теъдоди донишҷӯёне, ки ба Комиссияи аттестатсионии хатм ҷиҳати супурдани имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатм иҷозат гирифтанд, 5127 нафарро ташкил дод, ки аз ин теъдод 3585 донишҷӯи шуъбаи рӯзона, 1079 донишҷӯи шакли таҳсилоти фосилавӣ, 226 донишҷӯи таҳсилоти дуюми олӣ ва 237 магистр буд. Аз теъдоди 5127 хатмкунанда 85 нафар ба имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаи хатм ҳозир нашуданд, 5042 нафар дар аттестатсияи хатм иштирок намуд. 
Баъди ҷамъбасти пурраи аттестатсияи хатм 3536 хатмкардаи шуъбаи рӯзона, 1056 хатмкардаи шакли таҳсилоти фосилавӣ, 222 хатмкардаи таҳсилоти дуюми олӣ ва 224 нафар аз зинаи таҳсилоти магистратура мебошад.
Донишгоҳро  338  нафар  (6,7%)  бо дипломи аъло хатм намуд, ки 269 нафар хатмкунандаи шуъбаи рӯзона, 4 хатмкунандаи шакли таҳсилоти фосилавӣ, 10 хатмкунандаи таҳсилоти дуюми олӣ ва 55 нафар хатмкунандаи зинаи таҳсилоти магистратура ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 61 нафар Донишгоҳро  тибқи Квотаи президентӣ хатм намуд.
                                                  
Латифабону РУСТАМЗОДА, 
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 11.07.2023 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив