Волоӣ

11 июл 2023, Сешанбе
8
0
Заҳмати якшабаат аз ҳама дунё боло,
Аллаи дилкаши ту аз ҳама ово боло.
Ормонат бувадо амну амонии Ватан,
Мавҷи дарёи дилат аз ҳама дарё боло.
Хандаи тифл бувад баҳри ту инъоми бузург, 
Маънии хандаи ту аз ҳама маъно боло.
Ҳикмати панди хушат дар дилу зеҳн макон,
Сухани дилбари ту аз ҳама доно боло.
Хуш бувад лаззати анвои ғизо дар хон,
Шири модар зи ҳама луъбати лоло боло.
Модар, ту ба масал мисли Худо яктоӣ,
Бахудо, меҳри ту аз авҷи Сурайё боло.
 
 
Бемислу беназир аст
Ширин тарона гӯям ман дар ҳавои модар, 
Ҳам достон сароям андар санои модар.
Васфи сифоти ӯро ҳаргиз набуда охир,
Аз аршу фарши олам боло баҳои модар.
Ҳангоми тангдастӣ, дар ҳини кулфату ғам,
Мушкилкушои одам бошад дуои модар.
Дар роҳи ишқ ошиқ дорад садоқат, аммо
Бемислу беназир аст меҳру вафои модар.
Ҳотам бузург, лекин дар ҷуду дар саховат
Афзал бувад ба сад раҳ дасти сахои модар.
Гар гӯшае бисӯзад аз дасти хайли мункар,
Барҳақ, баланд гардад он дам садои модар.
Дар даҳр хубрӯён гарчи зиёд бошанд, 
Чун Офтоби рахшон бошад лиқои модар.
Гар мушкиле биафтад дар гӯшаҳои дунё,
Афзун шавад ҳамоно ранҷу анои модар.
Дар хорию залолат, дар зулму ҷаҳолат
Равшан кунад Заминро нуру зиёи модар.
Доно кӣ бошад имрӯз дар ҳаллу фасли мушкил?!
Таъбири ҳар муаммо – ақли расои модар.
Олам шавад гулистон, неъмат шавад фаровон,
Мушкил бигардад осон бо як ризои модар.
Бадбахт бошад он кас, сарсахт бошад он кас,
Гӯяд агар сухан ӯ андар фанои модар.
Гар ҷумла ин ҷаҳонро бо сарвате бигирам,
Донам, ки то қиёмат бошам гадои модар.
Меҳраш баланду олист, он ҳадяи илоҳист,
Ҷонро нисор созам, бешак, барои модар.
Аз даст меравад дил дар остони қудсӣ,
Бошад агар кӣ холӣ дар хона ҷойи модар.
Ҳаргиз нашуд зудуда аз хотирам ҳадисе, 
Бошад биҳишти ҷовид дар зери пои модар.
Дар бистари  маризӣ дасти дуост боло, 
Рӯзу шабон бихоҳам бо ҷон шифои модар.
Дорам варо навозиш монанди тифли масъум,
Бошам ба даври пирӣ чун муттакои модар.
 
Пайшанбе ДАВЛАТОВ, ноҳияи Рӯшон
Санаи нашр: 11.07.2023 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив