ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

11 июл 2023, Сешанбе
15
0
Корманди комиссариати ҳарбӣ 31 нафарро фиреб доду пушти панҷара рафт
 
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Рустам Мирсалимов, иҷрокунандаи масъул оид ба назорати мудофиаи ҳудудии зершуъбаи сафарбарии комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсиро барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ) ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, тафтишот муайян кардааст, ки Р. Мирсалимов  бо мақсади ғараз ва тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё суиистифодаи боварӣ аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2022 дар 9 ҳолат ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ даст зада, 31 шаҳрвандро фиреб дода, ба онҳо, дар маҷмуъ 689493 сомонӣ зарари моддӣ расондааст.
Чунончи, номбурда бо либоси низомӣ ба боғчаи кӯдаконаи № 31-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафта, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ кормандони боғчаро гумроҳ месозад, ки “гӯё аз ҳисоби ташкилотҳои хайриявии Арабистони Саудӣ ба оилаҳои камбизоат ва ниёзманд кумакҳои башардӯстона дастрас шудааст, агар хоҳишмандон барои гирифтани кумак ниёз дошта бошанд, метавонанд ба ӯ муроҷиат намоянд”. Дар ҳамин ҳол, кормандони боғча фирефта шуда, 6793 сомонӣ ҷамъ оварда, ба ӯ додаанд. Ҳамчунин, Р. Мирсалимов ба баҳонаи тақсим намудан ба қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа аз соҳибкор М. Абдураҳимов 350 халта орд гирифта, ҳамаи онро фурӯхта, маблағаш (115500)-ро ба манфиати шахсиаш истифода кардааст. 
Бо ҳамин роҳу усул маҳкумшуда 29 нафари дигарро фиреб дода, молу маблағи онҳоро бо роҳи қаллобӣ аз худ кардааст.
 
 
ОДАМКУШӢ
ё боздошти қотиле, ки қаблан суд шудааст
 
Кормандони мақомоти милитсия як сокини шаҳри Истаравшан (марди 25-сола)-ро, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) суд шудааст, ба гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, номбурда 4-уми июли соли 2023 ба хонаи зани 27-солаи сокини ҳамин шаҳр омада, дар натиҷаи муноқишае ин зан ва модари 47-солаи ӯро бо зарби корд маҷруҳ мекунад. Дар натиҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ зани 27-сола ба ҳалокат расида, модараш дар беморхона бистарӣ мешавад.
Ҳоло нисбат ба гумонбар бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад, ки ин банди қонун ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҳабси якумраро бо мусодираи молу мулк пешбинӣ менамояд. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 11.07.2023 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив