ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

11 июл 2023, Сешанбе
22
0
Sputnik.tj. Тавре Расули Мусавӣ,  ёвари вазири корҳои хориҷии Эрон, дар саҳифаи твиттериаш менависад, дар тамоми нишастҳои байналмилалӣ бар зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид шудааст,–  иттилоъ медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ӯ мегӯяд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамсоягон сулҳу суботро дар истиқрори ҳукумати фарогир дар Афғонистон мебинанд.
 
Известия. Бино ба маълумоти агентии «France-Presse», Президенти ИМА Ҷо Байден 10 июл барои ширкат дар саммити НАТО, ки 11-12 июл баргузор мешавад, ба Вилнюс омад.
 
ТАСС. Дар изҳороти муштараке, ки зимни мулоқоти вазирон (шаҳри Москва, 10 июл) дар чаҳорчӯби муколамаи стратегии Федератсияи Россия ва Шурои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс қабул шуд, гуфта мешавад, ки Россия ва кишварҳои узви Шурои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс аз барқарории равобити дипломатии Эрон ва Арабистони Саудӣ истиқбол карданд. 
 
Мир24. Се киштӣ бо 300 паноҳанда аз Сенегал, ки ба ҷазираҳои Канари Испания мерафтанд, дар уқёнуси Атлантика бедарак  шуд.
 
INTERFAX.RU. Созмони ҷаҳонии метеорологӣ   рӯзи душанбе хабар дод, ки ҳафтаи гузашта дар саросари ҷаҳон ҳарорати баланди бесобиқаи ҳаво ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳарорати миёнаи ҳаво рӯзи 7 июл 17,24 дараҷа гарм буд, ки ин аз рекорди қаблии 16 августи соли 2016 муқарраршуда 0,3 дараҷа болотар аст.
Санаи нашр: 11.07.2023 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив