ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 6,1 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҚОНУНВАЙРОНКУНИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ ДАР ЯК СОЛ

6,1 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҚОНУНВАЙРОНКУНИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ ДАР ЯК СОЛ

09 феврал 2023, Панҷшанбе
65
0

 

Ба иттилои Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, соли рафта бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он Хадамот дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар чанд субъекти хоҷагидор санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронд, ки дар натиҷа ба маблағи 6,1 миллион сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ супурда шуд. 


Дар ин давра ба ҷумҳурӣ 995,5 ҳазор тонна гандум ба маблағи 329,1 миллион доллари амрикоӣ бо нархи миёнаи 331 доллар барои 1 тонна ворид гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш воридоти он 32,6 ҳазор тонна коҳиш ва арзиши он 39 доллар афзуд. Таҳлилу омӯзиши вазъи бозори гандуму орд ва динамикаи нархҳо нишон медиҳад, ки нархи гандуми аз Ҷумҳурии Қазоқистон харидшаванда, ки яке аз содироткунандагони асосии маҳсулоти орд ва гандум (97,9 дарсад) ба ҷумҳуриямон ба ҳисоб меравад, дар моҳҳои январ-сентябри соли сипаришуда аз тарафи ширкатҳои содироткунанда бесобиқа, яъне аз 220-240 доллар ба 390-405 доллар афзоиш ёфта, дар моҳҳои октябр-декабр рӯ ба коҳиш овард. Ҳоло бо нархҳои аз 290 то 318 доллар барои 1 тонна пешниҳод гардида истодааст. 
Абдулмаҷид Муминзод илова кард, ки сабабҳои асосии тағйир ёфтани нархи гандум дар ҷумҳурӣ вазъи баамаломада дар ҷаҳон мебошад, ки дар натиҷа бархе аз давлатҳо бо мақсади ҳимояи бозори дохилии худ содироти гандумро ба дигар давлатҳо муваққатан манъ карданд. Илова бар ин, соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гандум дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 905,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 5,3 дарсад бештар аст.
Порсол 6 муроҷиати шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси хориҷӣ, оид ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродкунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори ҳудуди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа тибқи талаботи моддаҳои 16 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» тадбирҳои зарурӣ андешида, қарор, амрнома ва фармоишҳои Хадамот оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул гардиданд. 
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 09.02.2023 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив