ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЖДАИ СУЛҲ

МУЖДАИ СУЛҲ

12 июл 2023, Чоршанбе
29
0
 
Гуфтанд, мегӯем ва хоҳанд гуфт, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон барҷаста аст ва он дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт шудааст, пас аз садсолаҳо низ, ин хизмати Сарвари давлат эътирофу қадршиносӣ меёбад. Маҳз фидокориҳои Пешвои муаззам буд, ки имрӯз Тоҷикистони азиз дар баҳори сиюдуюмини истиқрори сулҳ баҳри ободиву осоиштагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ умр ба сар мебарад. 
26 июни соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ифтихори даҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфта буданд: "Барои мардуми мо ваҳдат бузургтарин ва арзишмандтарин неъмат ба ҳисоб рафта, он дар радифи Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неруи бузургу созанда ва сарнавиштсоз ба шумор меравад ва дар замони муосир бояд ин ду неъмати бебаҳоро аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ҳифз карда, онҳоро азизу муътабар донем". 
Он рӯз, яъне ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллиро, ки мардуми тоҷик бесаброна интизор буданд, яъне 27-уми июни соли 1997-ро хуб ёд дорам. Дар он айём мудири шуъбаи кишоварзии Радиои Тоҷикистон будам. Барномаи «Кишоварз» ҳар рӯз аз соати 14 то 15 садо медод ва мухлисони ниҳоят зиёд дошт. Ҳамон рӯз ҷумъа буд. Барномаро таҳия карда, ба ҳуҷраи корӣ омадам. Барнома оғоз ёфт. Бояд як соат садо диҳад. Вале, тақрибан баъд аз 30 – 32 дақиқа, банохост барнома қатъ шуд. Мушавваш шудам. Гумон кардам, ки кадом нуқсони техникӣ рух додааст. Чаро ки қатъ гардидани барномаҳои радио мумкин нест, илло дар ҳолатҳои фавқулода. 
Дар ҳамин ҳолат «Ин ҷо Душанбе» – овози сармуҳаррири идораи барномаҳои «Ахбор»-и радио Муҳаммадумари Нурмуҳаммад садо дод, ки таскин ёфтам. Ёдам омад, ки дар маҷлиси пагоҳӣ директори вақти радио Мансур Султонов, баъд аз баррасии нақшаи корӣ ва тасдиқи барномаҳо иброз дошт, ки то чошт бояд Нусратшо Таваллоев дар иртибот ба имзои Созишномаи сулҳ аз Маскав гузориш ирсол намояд. 
Чун мавриди мувофиқ аст, мехоҳам дар бораи Нусратшо Таваллоев ба таври фишурда маълумот бидиҳам. Мавсуф соли 1955, пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДТ (ҳоло ДМТ) бо тавсияи аллома Бобоҷон Ғафуров дар Институти марксизм-ленинизми назди КМ ПК Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ ба кор оғоз намуд. Баъд аз як сол дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба вазифаи муҳаррир ва баъдан дар Институти такмили ихтисоси омӯзгорон ба ҳайси котиби масъул ва муҳаррири маҷмуаи китобҳои методӣ барои омӯзгорон корро идома  дод.  Аз  моҳи  октябри  соли  1958  то  лаҳзаҳои охири умр – 28 марти соли 2008 дар идораи барномаҳои бурунмарзии Радиои Тоҷикистон, ки ҳоло «Овози тоҷик» ном дорад, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзида ва мудири шуъбаи форсӣ адои хидмат кардааст. Маҳз бо кӯшиши ӯ садои алломаҳои Машриқзамин Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Саид Нафисӣ, Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Халилуллоҳ Халилӣ ва дигарон дар Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон маҳфузанд. 
Бояд тазаккур дод, ки дар даҳаи охири моҳи июни соли 1997 ҳайати ҳукуматӣ барои ба имзо расондани Созишномаи сулҳ ба шаҳри Маскав сафар кард ва дар ҳайати он намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла Нусратшо Таваллоев ҳам буд ва ҳамарӯза аз ҷараёни мулоқотҳо хабар медод. Чаро ки дар он рӯзҳо тамоми гӯшу ҳуши мардум ба хабарҳои Маскав буд. Бинобар ин, Мансур Султонов ба сармуҳаррири идораи барномаҳои «Ахбор» Муҳаммадумари Нурмуҳаммад супориш дод, ки баробари дастрас кардани хабар онро ба таври оҷил ба самъи шунавандагон бирасонад. 
Муҳаммадумари Нурмуҳаммад аз зумраи журналистоне буд, ки рисолати хешро дар радио бисёр хуб дарк карда, барномаҳоро барои шунаванда самимона ва дар сатҳи баланд  пешниҳод  мекард.  Баробари гирифтани хабар аз Маскав фавран аз ошёнаи панҷум ба ошёнаи дувум, ки студия он ҷо воқест, мефурояд ва барномаи «Кишоварз»-ро боз медораду ба таври фишурда чунин хушхабарро мерасонад: 
«Ин ҷо Душанбе, Радиои Тоҷикистон. Шунавандагони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон. Ба мо ин лаҳза аз шаҳри Маскав хушхабар расид, ки ҳамаи мову шумо дер боз интизори он будем. Чанд лаҳза қабл Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ба диёри куҳанбунёди мо сулҳ омад. Ҳамаи шуморо бо ин хабари хуш муборакбод мегӯем».
Ин гуфтаҳо далели он аст, ки шодравон Муҳаммадумари Нурмуҳаммад нахустин шахсе буд, ки муждаи сулҳи тоҷиконро аз тариқи радио ба мардум расонд. 
Пас аз шунидани ин хушхабар, шодию сурури моро интиҳо набуд. Чаро ки интизориҳо бор ва ранҷҳои кашидаи Сарвари давлат ганҷ оварданд: 
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад.
 
Мо бояд шукргузори ҳамин ахтари саъди тоҷикон бошем. Мо бояд шукри онро бикунем, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳое ноил гардидем, ки таърих назирашро надидааст.
Мо шукргузори он бошем, ки имрӯз ҳамаи унсурҳои давлатдориро дорем. Ба мо танҳо лозим аст, ба хотири он ки аъдо оби моро ба ҷӯи худ накашад, воҳид бошему баҳри шукуфоии кишвар аз як гиребон сар бароварда, ба меҳнати ҳалол пардозем. Тавре мегӯянд, ваҳдат ба истиқлол мебарад ва истиқлол ваҳдатро ба камол мерасонад. Яъне, яке дигареро тақвият медиҳад.
 
Карим МӮСО, нависанда
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив