ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҲҲО ОБОДИРО ИНЪИКОС МЕКУНАНД

РОҲҲО ОБОДИРО ИНЪИКОС МЕКУНАНД

12 июл 2023, Чоршанбе
28
0
Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмиру навсозӣ шуда, ҷиҳати ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани онҳо тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Ҳамзамон, дар масири роҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма даҳҳо пулу нақб ва долонҳо сохта мешаванд. Дар заминаи тадбирҳои рӯи кор овардаи Ҳукумати мамлакат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки солҳои пеш қариб ҳафт моҳ дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт, бо сохта шудани роҳи мошингузари Шурообод – Дарвоз бо маркази маъмурии мамлакат ва дигар манотиқи кишвар алоқаи мустақими нақлиётӣ пайдо намуд. 
Сокинони ВМКБ ин роҳро Шоҳроҳи Ваҳдат номгузорӣ намуданд. Сохтмони роҳ дар марзи Тоҷикистон ва Чин кишварамонро бо ин мамлакати пешрафтаи ба мо дӯст пайваст. Солҳои минбаъда бо дастури Президенти мамлакат бо ҷалби маблағҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо навсозӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқкунонии шоҳроҳ оғоз гардид. Соли 2021 аввалин пружаи таҷдиди шоҳроҳ дар минтақаи Шурообод – Дарвоз амалӣ гардид. Дар ин масир чандин пулҳо бунёд ва аввалин нақби мошингузар дар вилоят ба истифода дода шуданд.
Соли 2020 Сарвари давлат ҳангоми сафари навбатии хеш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сохтмони пули мошингузари маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ санги асос гузоштанд. Дар арафаи 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ сохтмони ин пули калони мошингузар расман оғоз гардида, айни ҳол сохтмончиён бо корҳои заминӣ, тахту ҳамворкунии маҳали сохтмони кӯпрук машғуланд. Пули нав бо паҳноии 15 метр ва дарозии 200 метр сохта шуда, 100 тонна иқтидори борбардорӣ дорад. Баъди пайваст шудани ду тарафи соҳил роҳҳои ба пул пайвастшаванда дар масофаи 1 километру 100 метр таҷдиду навсозӣ ва чароғон мешаванд. Пули мазкур бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояву зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаи сохтмони пули мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад. 
Ба истифода додани пули мошингузари маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ танбашавии ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемурро аз миён бардошта, ҳаракати як қисми нақлиёти мусофиркашу боркаш тавассути ин пул ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ҳамзамон, корҳои таҷдиду навсозии роҳи байналмилалии Душанбе – Кулма имрӯзҳо дар қисмати Бердибекобод – Колхозободи ноҳияи Шуғнон низ, оғоз ёфтаанд. Роҳи мазкур бар асари фуромадани сел дар деҳаи Барсем хароб гардида, яке аз мушкилтарин ва хатарноктарин қисмати роҳи водии Ғунд ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои машваратчии сохтмон Гулаёз Рамазонов, дар мавзеи мазкур шаҳраки роҳсозон бунёд шудааст. Паймонкори асосии лоиҳа ширкати чинии «Чайна Роуд энд бридж корпорейшн» мебошад. Бино ба иттилои мутахассисон, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи 3-и техникӣ дохил мешаванд. Роҳи сохташаванда аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии як хатти ҳаракат 3,5 метр, паҳноии канори роҳ 2,5 ва паҳноии заминаи роҳ 12 метрро ташкил медиҳад. Дар ин роҳ сохтмони пул, долони зиддитармавӣ бо дарозии 550 метр, 1840 метр панҷараҳои муҳофизатӣ, 117 аломати роҳ, 8 аломати иттилоотии тарҳи инфиродӣ ва 4 истгоҳ ба нақша гирифта шудааст. 
Умуман, дар сохтмони пули маҳаллаи Селхозтехника ва бунёди қисмати шоҳроҳ дар ноҳияи Шуғнон имрӯзҳо 40 сохтмончии маҳаллӣ фаъолият дорад. Тавре масъулони соҳа зикр карданд, бо сар шудани кор дар марҳилаи асосии лоиҳа, дар ин ҷо беш аз 200 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб мешавад. Айни ҳол ширкати сохтмонӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҷалби мутахассисони соҳаҳои гуногун ба кор байни аҳолӣ кор бурда истодаанд. Тибқи нақша, ширкати «Чайна Роуд энд бридж корпорейшн» иншоотҳои мазкурро давоми 900 рӯз тибқи талаботи меъёри стандарти ҷаҳонӣ ба истифода медиҳад.        
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив