ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЪМИНОБОД. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

МУЪМИНОБОД. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

12 июл 2023, Чоршанбе
30
0
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Муъминобод давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 1069 нафар корҷӯён  муроҷиат намуданд ва тибқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, ба самтҳои муайяншуда сафарбар гаштанд. Аз шумораи зикргардида 293 нафарро занон ташкил медиҳанд.   
– Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 220 нафар ба касбомузӣ дар курсҳои кӯтоҳмудати дӯзандагӣ, бофандагӣ, боғпарварӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуд, ки 91,6 дарсади нақшаи солонаро дар бар мегирад, – иттилоъ дод Абдуқаюм Исуфов, сардори шуъба дар суҳбат ба хабарнигори рӮзнома. 
Номбурда афзуд, ки дар давраи ҳисоботи 568 сокини бешуғлро ба ҷойи кори доимию мавсимӣ сафарбар намудем, ки 139 нафар занон мебошанд. Ба гуфтаи масъулон, дар нимсолаи соли равон тибқи дастурамал ва шартнома байни мақомоти шуғл ва корфармо, 70 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ пайвастанд, ки 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи дуюми соли 2023 аз тарафи идораву муассисаҳои ноҳия, ҳамагӣ 131 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид.
 
Суннати СОДИҚ,“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив