ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЛИҲАИ САДОҚАТ

ОЛИҲАИ САДОҚАТ

12 июл 2023, Чоршанбе
6
0
Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накукорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
МОДАР… 
Оё метавон дар ин олами бекарон, дар ин олами шодиву андуҳҳо, дар ин олами номеҳрубониву меҳрубониҳо, дар ин олами гирудору сулҳу созишҳо, дар ин олами орзуву ормонҳо вожае ширинтару зеботареро пайдо намуд? Ҳаргиз. Зеро танҳо бо гирифтани номи модар зиндагӣ ширинтар, дунё рангинтар, руҳ болидатар, забон гӯётар мегардад, шодиву нишот меафзояд, дил мадору қувват мегирад. Ҳатто, қаҳру ҷафои модар барои фарзанд дармонбахшу ҷонафзост, чунки сарчашмаи онҳо ҳамон дӯстдорист. Яъне, дар дили саршор аз раҳми ӯ аз хашму ғазаб ному нишоне нест.
Ба ин маънӣ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад».  
Маҳз ба  ҳамин хотир, аз қадимулайём то ба ҳол шахсиятҳои бузурги ин олами паҳновар модар – олиҳаи наҷибро мадҳу ситоиш кардаанду мекунанд. Бубинед, Ламартин, шоири шаҳири асри XIX Фаронса, дар васфи ӯ чӣ гуфтааст: «Модар беҳтарин ва охирин туҳфаи осмонист». Чи суханҳои наку, чи суханҳои зебо, чи суханҳои воло. Бар замми ин гуфтаҳо метавон афзуд: модар на танҳо беҳтарин туҳфа, балки беҳтарин лутфи яздонист. Зеро ба мисли Офаридгор модар низ дорои меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати бемунтаҳост. Балки ӯ худ низ офаридгор аст, офаридгори заминӣ. Ва то он даме ки ин чархи куҳан дар гардиш аст ва то он даме ки ҳаёт дар ҷӯшу хурӯш аст, модар саропо меҳр асту саропо муҳаббат, саропо вафо асту саропо садоқат.
Бартар аз ин, модар  ошиқ аст – ошиқи фарзанди хеш. Дилбохтаи онест, ки маънии ҳаёти ӯст. Ҳамин дилбохтагист, ки тамоми эҳсосот ва вуҷуди худро ба ҷигарбандаш мебахшад. Ва ҳамин дилбохтагист, ки ақлу хирад дар назари модар қадру қиматашро гум мекунад. Бале, бале дар дунёи модар дигар ҷое на ба ақл мемонаду на ба хирад. Чаро? Зеро ки ҷои онҳоро ишқ гирифта – ишқи фарзанд, ки ишқест бепоён, ишқест безавол, ишқест ҷовидонӣ. 
Ҳамин аст ки, ӯ як мижгони «нури чашмаш»-ро ба кулли сарватҳои зеризаминӣ ва тамоми бойигариҳои рӯи Замин намебахшад. Ва танҳо ҳамон вақт ҳаёт дар назари модар ширин аст, ки агар ҳаёти фарзандаш ширин бошад. Танҳо ҳамон вақт ӯ худро хушбахт медонад, ки агар фарзандаш хушбахт бошад. Чунки фарзанд барои модар дуррест ягона, дуррест ноёб, касест шариф ва муқаддас, ҳатто, сарфи назар аз он ки, ӯ Фаридун аст ё Заҳҳок, Фирдавсист ва ё худ султон Маҳмуди Ғазнавӣ. Ин аст ки модар худ дар назди одамиён муътабару муқаддас гардида. Барои аҳли башар аз ӯ дида шахси гиромитар, азизтар ва бузургтаре нест. Оре, азиз аст модар, бузург аст модар! Балки муъҷиза – муъҷизаи беҳтарин ва нотакрори осмонӣ. 
Қадру манзалати модарро дар мизони ақлу хирад баркашидан амрест муҳол. Ба ҳамин маънӣ шоири шаҳири тоҷик Амир Хусрави Деҳлавӣ фармудааст:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид, 
Бо ду ҷаҳонаш натавон бар кашид.
Аз ин рӯ, камтарин коре, ки мо метавонем барояш кард, сари таъзим фуруд овардан ва ба ҳамешагӣ дар хидматаш камари ҳиммат бастан. 
 
Шафоатулло АБДУЛЛО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив