ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ КАМФАЪОЛИЯТИИ ЗИЁИЁН НИГАРОНАМ. АЗ БОБИ ФАЗОИ МАҶОЗӢ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

АЗ КАМФАЪОЛИЯТИИ ЗИЁИЁН НИГАРОНАМ. АЗ БОБИ ФАЗОИ МАҶОЗӢ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

13 июл 2023, Панҷшанбе
58
0
Тамоми дунё ҳамарӯза дар моварои ҷангҳои иттилоотӣ қарор дорад. Ин бархӯрдҳо аз мухолифати андешаҳо, хостҳо ва амалҳои эҳтимолӣ сарчашма мегиранд ва шаклгирии ояндаи ҷамъият аз ғолибияти тарафе вобастагӣ дорад. Бо ин мақсад, дар баробари гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятие, ки мақсадашон халалдор сохтани фазои маънавӣ, анҷом додани амалҳои террористиву экстремистист, муборизаи оштинопазир бояд бурд. Махсусан, дар мавридҳое, ки аъзои гурӯҳҳои экстремистӣ паси номҳои ҷаълӣ, яъне фейкҳо истода, бе ягон эҳсоси масъулият ба бадном кардани шахсиятҳои сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ машғул шуда, таассуроти мусбати ҷомеаро нисбат ба ин гуна ашхоси муҳтарам хароб мекунанд. Дар мубориза бо ин тоифа метавон аз усулҳои худи онҳо истифода бурд.
 
Мутаассифона, зиёиёни мо, бо вуҷуди такягоҳи қавии маънавию сиёсӣ доштан, дар майдони муборизаҳои иттилоотӣ кам ҷасорат зоҳир месозанд, нисбат ба як экстремисти ҷоҳил чунон бо лутфу муҳаббат ва самимияте сухан меронанд, хонанда хиҷолат мекашад. Аз он сӯ таҳқиру таҳдид ба давлату миллат, аз ин сӯ такаллуфу хушомад?! Ба ҷойи он ки пурра нодуруст будани ақидаҳои носолими рақибро фош сохта, дар маърази ом ночиз будани ҳайсияти ӯро ҳувайдо созад, баръакс, нотавонона ибораҳои “ман ба Шумо эҳтиром дораму...”, “гузаштагони Шумо бисёр шахсони бузург буданду...”, “ман дар симои Шумо як сиёсатмадори донишмандро мебинаму...” гуфта, ба насиҳат мегузаранд. 
Дуруст аст, агар ба навиштаҳои зиёиёни мо аз диди таҳлил назар афканем, беш аз 90 дарсад вокунишҳо ба муқобили ақидаҳои ифротӣ хусусияти насиҳатӣ дорад. Панд, албатта, хуб аст, аммо ба кӣ?! Мисле, ки фаромӯш карда бошем, ин тоифа ҳама манқуртанд ва насиҳатҳои “падарона”-и примитивӣ бо мазмуни “роҳи интихобкардаат роҳи бад аст, аз ин роҳ баргард”, на танҳо ӯро аз роҳаш намегардонад, балки устувортар сохта, бадтар аз ҳама, сафи ҷонибдоронашро зиёд мекунад.    
Ровиёни гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ соатҳо кафки даҳон парронда, ифтихор мекунанд, ки фалон барномаашонро аз сад ҳазор то як миллион кас дидаву фалон миқдор писандиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шояд аксарияти тамошобинони онҳо танҳо ба хотири изҳори нафрат ба ақидаҳои экстремистии эшон ба саҳифаашон сар задаанд. Ба ин хотир, чунин раванд ҳатман бояд танзимшаванда бошад. Шарт нест, ки мо ҳамаро ба вокуниш додан даъват кунем ва хоҳиш намоем, ки то соати 2 – 3-и шаб як сафсатафурӯшро гӯш карда, бо дасти худ сафи шунавандагони ақидаҳои экстремистиро зиёд созем. Дар ин ҷода мебояд нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегиро ба ҷойи асосӣ барорем. Агар 10 – 12 академику докторони мо, ки пешсафтарини табақаи зиёиёнамон ба ҳисоб мераванд, ба ҳисоби миёна дар як моҳ як вокуниши мустаҳкам ва асоснокро муқобили як ақидаи ба тафаккури ҷомеа хатарнок пешниҳод кунанд, дар ҳошияи ин вокуниши солим тули як моҳ садҳо нафари дигар андешаҳои созандаи худро баён месозанд, ки таъсирашон эҳсосшаванда мегардад.  Дар ин роҳ мақолаҳои сиёсатмадорони шинохта Саидмуъмин Ятимов, Саидмурод Фаттоҳзода, Абдуллои Раҳнамо ва дигарон мисол шуда метавонанд. Матлабҳои дорои бурҳонҳои қотеи онҳо то чанд моҳ фазои иттилоотиву идеологии ҷомеаро пурра месозанд ва таъсири ақидаҳои ифротиро ночиз мегардонанд. Фазои маънавии ҷомеаро бо андешаҳои солими ҳаётдӯстона пур карда, ба ақидаҳои ифротӣ зарбаҳои ҷонкоҳ мезананд.   
Мо бояд ҳамеша омода бошем, интизор нашавем, ки кай кадом як хоини давлату миллат айбҷӯӣ карда, “думи сагат каҷ” гӯяду пас аз он “каҷ нест” гуфта вокуниш диҳем. Зеро баёни ҷанбаъҳои мусбати вазъи имрӯза, расидан ба қадри озодиву соҳибдавлатӣ, умед бахшидан ба ояндаи нек ва такон додани андешаи созанда барои бунёди ҷомеаи босаодати хеш муҳимтарин самти идеологияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. 
Усули дигаре, ки кишварҳои абарқудрат бар зидди рақибон истифода мебаранд, дастрасии иттилоот тавассути барномасозони ҳирфаӣ мебошад. Азбаски имрӯзҳо фазои маҷозӣ ба як майдони муҳорибаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, мамлакатҳои алоҳида дар бахши низомиву мудофиавӣ ин масъаларо пурра ба назар гирифтаанд. Яъне, ба сарбозон дар баробари омӯзондани машқҳои тактикӣ ва истифода аз яроқҳои гуногуни оташфишон, ҳамзамон, усулҳои муҳориба тавассути компютер, интернет ва дигар василаҳои мухобиротиро низ, омӯзонда истодаанд. Мо ҳам чунин имкониятро дорем, метавонем дар марҳилаи аввал дар ҳар қисми низомӣ камаш як синфхонаи компютерӣ бо 10 – 15 компютери замонавӣ кушода, ба сарбозон тактикаи муҳорибаҳои иттилоотиро омӯзонем. Ин тартиби кор ба мо имкон медиҳад, ки бо истифода аз неруи маънавии сарбозони содиқи Ватан ба таври шабонарӯзӣ фазои иттилоотии кишварро аз ҳуҷумҳои иттилоотии душманон ҳифз намоем. Ин ҷо гап дар бораи 50 – 100 ё 500 вокуниш не, балки даҳҳо ҳазор вокунишҳои гуногуни муташаккилона меравад. Баъди 5 сол хоҳем дид, ки фазои идеологии Тоҷикистон ба куллӣ дигар шуда, кишварамон ба як қудрати иттилоотӣ дар минтақа табдил ёфтааст. Мо аз азал мардуми боистеъдодем, танҳо роҳ кушодан, имконият фароҳам овардан кифоя аст, ки ҷавонони мо ҳайсияту истеъдоди худро ба намоиш гузоранд. Ҳамагон шоҳидем, ки як ташаббуси раҳкушоёнаи Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, инчунин, дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба рушди маънавиёт ва фарҳанги ҷомеа такони ҷиддии мусбат бахшид. 
Мо садҳо зарфиятҳои дигаре дорем, ки бо истифода аз онҳо ба рушди Тоҷикистон мусоидат месозем. Мо набояд аз чанд хоину хоинзодае, ки дар хориҷ истода фитна меангезанд, ҳарос дошта бошем. Аз хоинони беруна дар симои ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳҳои атрофи онҳо дида хоинтару хатарноктар онҳое ҳастанд, ки аз дохил ба хоинони миллат ҳамкорӣ мекунанд ва ба онҳо дар ҳар шакл маълумот пешниҳод менамоянд. Чунин нафарон як гурӯҳ дурӯяҳои фурсатталаб ҳастанд, ки мекӯшанд дар дохил норозигии мардумро ба вуҷуд оварда, тавассути хоҷагони хориҷиашон ба шаъну эътибори кишварамон латма бизананд. Ба ин хотир, қудрати идеологиро барои мустаҳкам кардани пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар аз роҳи баланд бардоштани руҳияи созандагӣ ва худшиносии мардум сарф намоем. Натиҷаи тадбирҳои мазкур ба он оварда мерасонад, ки дар вуҷуди шаҳрвандони Тоҷикистон як масунияти миллӣ ба пуррагӣ ташаккул ёфта, таъсири омилҳои беруна ба мағзи сокинон ба сифр баробар гардад.  
Дар хотир дошта бошем, ки соли 2024 соли маъракаҳои пешазинтихоботист ва дар кишвар нимаи аввали соли 2025 интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Дар моварои якуним соле, ки фурсати чандон зиёде нест, бадхоҳони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дохилу хориҷ нақшаҳои сиёҳи худро кашида истодаанд, ки бояд ҳушёр буд, зеро фурсатталабони дохилӣ ва хоинони хориҷӣ маҳз дар чунин марҳалаҳои ҳассос ба торҳои андешаҳои ҷомеа нохун мезананд. Ба ҳар гуна фитнаву дасиса ва иғво фирефта нашавем ва манфиатҳои давлат-ро аз ҳама гуна манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорем. Дар моварои сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, рушду ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии шоистаи ҳам-ватанонамонро аз ҳадаф-ҳои аввалиндараҷа дар фаъолияти худ қарор диҳем.
 
Орзу ҲАМИДИЁН, муовини раиси шаҳри Кӯлоб
Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив