ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷаҳон  дар як сатр

Ҷаҳон  дар як сатр

09 феврал 2023, Панҷшанбе
28
0
Gazeta.ru. Пекин ба лағви таҳримҳои якҷониба алайҳи Сурия дар пайи заминларзаи мудҳиш дар ин кишвар даъват кард. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мао Нин хабар дод.
 
ТАСС. Намояндаи расмии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид  Стефан Дюжаррик гуфт, ки СММ  ба осебдидагони заминларза дар Туркия ва Сурия 25 миллион доллари амрикоӣ ёрии башардӯстона мефиристад.
 
Gazeta.ru. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Австрия Антония Праун гуфт: "Ҳукумати Австрия омода аст ба вакилони парлумони Россия миқдори маҳдуди раводид диҳад, то онҳо тавонанд дар нишасти калидӣ дар як  форуми байналмилалии амният ширкат варзанд". Ёдовар бояд шуд, ки ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии САҲА аз 23 то 24 феврал баргузор мешавад.
 
RT. Сафири Бразилия дар Москва Родриго де Лима Баэна Соарес гуфт, ки Бразилия Россияро шарики муҳим медонад ва  ният дорад ҳамкориҳоро бо он таҳким бахшад.
Санаи нашр: 09.02.2023 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив