ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУКОЛАМА МИЁНИ ОСОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ

МУКОЛАМА МИЁНИ ОСОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ

13 июл 2023, Панҷшанбе
13
0
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, дар Осорхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони осорхонаҳои кишвар ва осорхонаҳои машҳури Россия Форуми «Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия» баргузор гашт.
Дар форум мавзуъҳои муҳими соҳаи осорхонашиносӣ ва роҳҳои рушди ҳамкорӣ байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Россия таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Роҳбарону намояндагони осорхонаҳои Тоҷикистон ва Россия дар мавзуъҳои «Ихтиёриён дар осорхона, корҳои намоишӣ», «Тарғиби коллексияҳои мардумшиносӣ», «Ҳифзи мероси фарҳангӣ», «Барномаҳои фарогир ва кӯдакона» маъруза намуданд.
Зафар Иброҳимзода, директори Осорхонаи миллӣ, иброз дошт: «Дар шароити муосир дар ҳалли масъалаи ҳифзу эҳёи анъанаҳои фарҳангии ҳар як халқу миллат осорхонаҳо мақоми хосеро доранд. Онҳо махзани мероси моддию маънавии ниёгони мардуми ин ё он минтақа мебошанд ва фаъолияти онҳо ба рушди зеҳнии оммаи мардум нигаронда шудаанд. Инчунин, осорхонаҳо дар самти тарбияи маънавию фарҳангии қишрҳои гуногуни ҷомеа, баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва амсоли инҳо нақши муассир мебозанд».
Дар доираи чорабиниҳо, намоиши аксҳо оид ба фаъолияти киностудияи «Тоҷикфилм» таҳти унвони «Сарзамини муқаддас ва муъҷизаофар» низ, ифтитоҳ гардид.
Ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Кохи «Наврӯз», Боғи «Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолиби пойтахт дидан намуданд.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив