ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲОДАТНОМАИ САҲМИ ЗАМИН. ТАҲРИРИ НАВ ДАР ТАРТИБИ ДОДАН, ИВАЗ ВА АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ КАРДАН

ШАҲОДАТНОМАИ САҲМИ ЗАМИН. ТАҲРИРИ НАВ ДАР ТАРТИБИ ДОДАН, ИВАЗ ВА АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ КАРДАН

13 июл 2023, Панҷшанбе
62
0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноку мақсадноки қитъаҳои замин ва аз як қитъаи замин гирифтани се-чор ҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳар мулоқоташон оид ба ин масъала ба масъулон дастуру супоришҳо медиҳанд.
 
Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара 27 апрели соли 2023 таъкид намуданд. 
“Тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёндани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд”, – иброз дошт Холзода Тӯйчимуҳаммад Бобишо, мудири бахши таъминоти ҳуқуқии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зикр кардан ба маврид аст, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ (ҷамоавӣ, деҳқонӣ, оилавӣ, инфиродӣ) дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ саҳми муносиб доранд.
Бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳалли масъалаҳои вобаста ба саҳми замин Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Бо қарори раиси Кумитаи мазкур аз 19 майи соли 2023, №32 тасдиқ гардидани «Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Шаҳодатномаи саҳми замин» ва ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ки хусусияти умумиҳатмӣ дорад, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2023, №1235 ба қайд гирифта шудани он, барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
Зикр намудан ба маврид аст, ки санади мазкур барои ба амал баровардани ҳуқуқи истифодаи замин, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, муайян намудани андоза ва саҳми замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди соҳаи заминсозӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.
Як нукта боиси зикр аст, ки Шаҳодатномаи саҳми замин ҳуҷҷате мебошад, ки саҳми замини узви хоҷагии деҳқонӣ ва андозаи онро муайян менамояд.
Пас аз таҷдид шудани ташкилотҳои кишоварзӣ, шумораи хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва ҳаҷман хурд бамаротиб зиёд гардида, баҳсҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста ба қитъаи замин ва саҳми замин яке аз масъалаҳои мубрам ва зарурӣ ба шумор меравад. 
Пӯшида нест, ки баъзе роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз мақоми худ суиистифода намуда, бе ягон асоси қонунӣ ва худсарона бо роҳи тартиб додани протоколҳои қалбакӣ ва ғайриқонунӣ аъзои хоҷагиҳои деҳқониро аз саҳм маҳрум ва ба ҳамин тариқ ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ба истифодаи замин халалдор менамоянд.
Бо матни пурраи “Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Шаҳодатномаи саҳми замин” хонандагон метавонанд аз сомонаи расмии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ (www.zamin.tj) ва ё дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (аз 12 июни соли 2023, №122 (24 733) шинос шаванд.
Дар маҷмуъ, мавриди амал қарор гирифтани санади фавқуззикрро метавон хеле муҳим арзёбӣ кард, ки он ба ҳалли мушкилоти саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намуда, дигар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони манфиатдор наметавонанд, худсарона аз пеши худ аъзоёни хоҷагиҳои деҳқониро аз саҳми замин маҳрум намоянд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив